https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо Абдуллоҳ ибни Муҳаммад

№:83 (5135), 03 июл 2026, 15:09
4

2-юми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба табодули назар анҷом доданд.

Аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои амалии Фонди рушди Саудӣ, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои молиявии Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва инф­расохтории Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, гидроэнергетика, захираҳои об, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, иқтисоди «сабз» ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор дода, идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Риёз ва танзими фаъолияти меҳнатии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои оянда номиданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои гуфтушунид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ мусоидат хоҳанд кард.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: