Номаи табрикӣ
3-юми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Шурои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Кочанова Наталя Ивановна номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Наталя Ивановна,
Шуморо бо ҷашни давлатӣ - Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Беларус самимона табрик мегӯям.
Дар тӯли солҳои рушди соҳибихтиёрии худ Ҷумҳурии Беларус дар таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои анъанавии дӯстона бо Ҷумҳурии Беларусро баланд арзёбӣ намуда, ба рушди ҳамкориҳои пурсамари байнипарламентӣ аҳамияти хос медиҳад.
Итминон дорам, ки густариши минбаъдаи ҷанбаи парламентии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба таҳкими онҳо дар руҳияи шарикии стратегӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Наталя Ивановна, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Беларус сулҳу шукуфоӣ орзумандам».
Ҳамчунин дигар маводҳо:
