Зеҳни сунъӣ
Аз марҳилаи консептуалӣ то татбиқи ташаббусҳо
![]()
Зеҳни сунъӣ дигар тамоми самтҳои ҳаёту фаъолияти моро фаро мегирад. Агар дар тиб барои ташхиси бемориҳо, таҳлили натиҷаҳои ташхис истифода шавад, дар иқтисоду тиҷорат барои таҳлили бозор, пешгӯии талабот ва автоматикунонии равандҳои корӣ хизмат мекунад. Ҳамчунин, дар нақлиёт, маориф, таъмини амният ва ҳатто соҳаи санъат низ нақши муҳим дорад. Бо вуҷуди бартариҳои зиёд ин навгонӣ баъзе мушкил ва хавфҳоро низ ба миён овардааст. Баъзе мутахассисон бар ин назаранд, ки автоматикунонии зиёд метавонад ҷойҳои кории одамонро кам кунад. Илова бар ин, масъалаҳои ахлоқӣ ва амниятии истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ низ мадди назаранд. Вобаста ба ин мавзуъ бо номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Фатҳуллозода ҳамсуҳбат шудем:
- Бамаврид аст аз ҷойгоҳу нақши зеҳни сунъӣ дар кишвар суҳбатро оғоз намоем. Он дар кишвари мо то кадом андоза рушд дорад?
- Қабл аз он ки оид ба вазъи истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишвар ва ё ташаббусҳо дар ин самт сухан гӯям, мехостам аз пайдоиш ва моҳияти ин падидаи арзишманд ёдовар шавам. Мафҳуми «ҳуши маснуӣ» ва ё «аrtificial intelligence» (AI) аввалин маротиба аз забони муҳаққиқи амрикоӣ Ҷон Маккартӣ соли 1956 дар конференсияи илмӣ, ки дар мавзуи механикакунонии интеллект дар Коллеҷи Дармути ИМА баргузор шуда буд, садо дод. Зеҳни сунъӣ барнома не, балки платформаест, ки тавассути истифодаи алгоритм ва шабакаи нейронии компютерӣ ҳаҷми васеи маълумотро коркард ва вобаста ба амри инсон ва ё хусусияти барномавие, ки дорад, хулоса пешниҳод менамояд.
Давоми 5-6 соли охир кишвари мо дар масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ аз марҳилаи консептуалӣ ба марҳилаи татбиқи ташаббусҳо гузашта, дар соҳаҳои маориф, саноат, молия ва идоракунии давлатӣ аввалин қадамҳо гузошта шуданд. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, меҳнат, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва хизматрасонӣ, зарур аст. Масалан, ширкати технологии «Zypl.ai» бо истинод ба ин навгонӣ соҳаи молия аз соли 2020 ташкил шуда, соли 2022 аввалин сармояи худро бо маблағи 6 млн. доллари ИМА ҷалб намуд. Парки технологии «IT Park» бошад, платформаи замонавӣ ва фаъолест, ки барои рӯи кор омадану ба бозор баровардани стартапҳои ояндадор имкон фароҳам намуд. Он, ҳамчунин, минтақаи озоди иқтисодии экстерриториалӣ барои ширкатҳои IT ба ҳисоб меравад. Дар соҳаи маориф бошад, кумакрасонҳои рақамӣ бо истифода аз модели миллии Soro.LLM дар платформаҳои eDonish ва maktabmobile.tj истифода мешаванд. Барномаи дигари миллии ҳуши маснуӣ бо номи MONI (дастрасӣ: www.tajiklaw.ai) дар соҳаи маслиҳати ҳуқуқӣ аллакай фаъол аст. Ба наздикӣ Консорсиуми «AREA AI» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти «AREA AI 1.0» оғоз бахшид, ки ба таҳия ва содироти хизматрасониҳои зеҳни сунъӣ аз ҷониби Тоҷикистон машғул аст. Ҳамаи ин дастоварду ташаббусҳо гувоҳи он аст, ки зеҳни сунъӣ дар кишвари мо босуръат рушд дорад.
- Давоми солҳои охир рақамикунонии иқтисодиёт аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки барои комёб будан дар ин ҷода аз зеҳни сунъӣ фаровон бояд истифода шавад. Мехоҳам назари шуморо дар ин бора фаҳмам?
- Рақамикунонии иқтисоди миллӣ заминаи муҳимтарин ҷиҳати рушди ҳуши маснуӣ маҳсуб меёбад. Бо назардошти моҳияти масъала соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки гузариши муттасилро то соли 2040 пешбинӣ менамояд. Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар (28.12.2024) таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст, ки ин раванд шаффофияти муносибатҳои молиявиро таъмин хоҳад кард. Илова бар ин тадбирҳо, Пешвои миллат барои вусъат бахшидани рақамикунонии иқтисоди миллӣ солҳои 2025–2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд. Дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», ки яке аз муҳимтарин ҳуҷҷати банақшагирии стртегии давлат ба ҳисоб меравад, ба масоили марбут ба рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ (IT), рақамикунонии соҳаҳои асосии иқтисодӣ ва таҳкими ҳукумати электронӣ дар 5 соли минбаъда афзалият дода шудааст.
- Баъзе коршиносон бо он назаранд, ки зеҳни сунъӣ метавонад дар оянда шахсони зиёдро бе ҷои кор гузорад. То кадом андоза ин гуна иддао воқеият дорад?
- Ин андешаҳо то андозае дурустанд. Аз ҷониби дигар, ҳуши маснуӣ қисме аз одамонро аз ҷои корашон маҳрум кунад ҳам, шумораи аз он бештарро бо ҷои кор таъмин месозад. Масалан, соли 2022 Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ пешгӯӣ карда буд, ки то соли 2023 дар ҷаҳон аз таъсири ҳуши маснуӣ беш аз 75 миллион ҷойи кор барҳам хӯрда, ду баробар бештар аз он ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд. Бо таъсири зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, молия ва бонкдорӣ, ҳисобдорӣ ва дигар соҳаҳое, ки инсонҳо функсияҳои механикиро иҷро мекунанд, кам шудани ҷои кор дар назар аст, вале дар самтҳои барномасозӣ, таҳлилгарони рақамӣ, эҷоди платформаҳои нави ҳуши маснуӣ, маданият ва амнияти киберӣ ва ғайра ҷойҳои кории фаровон ба вуҷуд меоянд.
Муҳим он аст, ки технологияҳои ҳуши маснуӣ имкон фароҳам меоранд, ки дар солҳои наздик сохтори иқтисодӣ ва тарзи фаъолияти одамон ба куллӣ иваз гардад. Ин технологияҳо қариб ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз қабили тандурустӣ, маориф, саноат, нақлиёт, бонкдорӣ то самти мудофиа ворид шуда, кори одамонро беҳтар ва осон мегардонанд.
- Айни замон ҳиссаи зеҳни сунъӣ дар бахши кор ва хизматрасониҳо чанд дарсадро ташкил медиҳад?
- Дар гузориши таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ - «Ҳуши маснуӣ дар бозорҳои молиявии Осиёи Марказӣ - 2025», ки бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардид, зикр шудааст, ки 36 дарсади ташкилоти молиявӣ аллакай аз технологияи ҳуши маснуӣ дар фаъолияташон истифода мебаранд. 56 дарсади дигар солҳои наздик ният доранд ҳуши маснуиро истифода намоянд. Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки ташаббуси аввалинро дар самти истифодаи васеи ҳуши маснуӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон соҳаи молия ва бонкдорӣ ба даст гирифтааст. Дар самти идоракунии давлатӣ бошад, гузариш ба ҳукумати электронӣ - «e-hukumat» идома дошта, дар назар аст, ки ояндаи наздик тамоми ниҳодҳои давлатӣ ба портали ягонаи давлатии «e-hukumat» гузаранд. Ин платформа кори шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҷиҳати дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ дар самти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди ариза ва дархост, мустақиман, бе ягон миёнарав, муроҷиат намудан ба мақомоту ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва пайгирии раванди баррасии онҳо осон мекунад.
- Заминаҳои рушди зеҳни сунъӣ дар кишварамонро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин ташаббускор дар соҳаи ҳуши маснуӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз аввалинҳо шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуши маснуӣ соли 2022 «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд, ки бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар таҳия шуда, барои гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, рушди технологияи рақамӣ, барномасозӣ ва истифодаи логарифмҳо дар раванди қабули қарорҳо, идоракунӣ ва маъмуригардониву хизматрасониҳо афзалият медиҳад.
Самтҳои афзалиятноки рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам сохтани заминаи ҳуқуқии истифодаи ҳуши маснуӣ, фазои мусоид барои хизматрасониҳои электронии давлатӣ бо истифодаи ҳуши маснуӣ, таъмини шароити мусоиди таълиму омӯзиши мутахассисон ва рушди неруи инсонӣ ва баландбардории сатҳи рақобатпазирии молҳои саноатӣ бо истифодаи ҳуши маснуӣ ба ҳисоб мераванд.
Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмааи умумии СММ қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул намуд. Ин ташаббус далели возеҳу равшани омодагии кишвари мо ба роҳандозии васеи истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳои истеҳсолот аст.
Мусоҳиб Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
