https://sadoimardum.tj

Вусъати созандагӣ дар Конибодом

№:84 (5136), 06 июл 2026, 16:52
9

- Бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои муосири варзиш, инчунин, таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим меҳвари асосии нақшаи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро ташкил медиҳанд, - иттилоъ дод муовини раиси шаҳри Конибодом Баҳоваддин Баҳоваддинзода. - Бахшида ба ин ҷашни муҳим 714 иншоот пурра сохта ба истифода дода шуд, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Тибқи гуфтаи ӯ, дар деҳоти Пӯлотони шаҳр сокинону соҳибкорон бо мақсади дастгирии соҳаи маориф фаъолнокӣ зоҳир намуда, бо бунёди мактабу кӯдакис­тонҳо барои тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам меоранд.

Ҳоло дар шаҳри Конибодом бунёди 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳар кадом барои 350 хонанда дар як баст, идома дорад. Илова бар ин, бо саҳми мақомоти иҷроия ва соҳибкорон сохтмони 4 муассисаи дигар, ҳар кадом барои 320 хонанда, оғоз гардидааст.

Таҷдиду муҷаҳҳазсозии боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Конибодом низ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим маҳсуб меёбад. Дар доираи марҳилаи дуюм дар боғи мазкур 10 аттраксиони муосир насб гардида, ҳамчунин, нуқтаҳои истироҳату фароғат, фурӯши хӯрокворӣ ва майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба фаъолият оғоз намудаанд. Ин тадбирҳо шароити фароғатии сокинонро беҳтар намуда, пеш аз ҳама, боиси хушҳолии кӯдакон гардидаанд.

Нодир ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: