Таъмини шаш ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ дар Турсунзода
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз шаш ҳазор сокини деҳаи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.
Хати оби тоза бо дастгирии мақомоти иҷроия ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ибодулло Каримов дар ҳамкорӣ бо сокинони меҳнатқарину саховатпешаи деҳаи ба номи Саттор Раҷабов бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар маросими ифтитоҳи иншооти обтаъминкунӣ бо сокинони деҳа вохӯрӣ намуда, оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ суҳбат кард. Сокинони деҳа ваъда доданд, ки дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва ҷиҳати таҷлили шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз ҳарвақта талош варзида, роҳҳои мошингарди деҳаро мумфарш ва иншооти иҷтимоӣ бунёд менамоянд.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
