https://sadoimardum.tj

Парламент ва рушди илму маориф

№:84 (5136), 06 июл 2026, 16:54
4

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули сиёсати мустақили давлатӣ дар соҳаи илму маориф заминаи воқеӣ ва устувор фароҳам овард. Дар солҳои аввали истиқлолият, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ ва оқибатҳои ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ, давлат нигоҳдорӣ ва рушди соҳаи маорифро яке аз вазифаҳои афзалиятноки худ муайян намуд. Маҳз, дар ҳамин марҳила заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии рушди минбаъдаи соҳа гузошта шуданд.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки рушди устувори иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи рушди илм, технология ва сифати сармояи инсонӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадриҷан сиёсати давлатиро ба ташаккули иқтисодиёти донишбунёд равона намуд.

Дар ин раванд нақши парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 50 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки фаъолияти соҳаи маориф ва илмро танзим менамоянд. Асоси ҳуқуқии соҳа дар моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, ҳуқуқи ҳар шаҳрвандро ба таҳсил кафолат медиҳад. Баъдан, қонунҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла «Дар бораи маориф», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмию техникӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардиданд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» имкон фароҳам овард омодасозии кадрҳо бо талаботи воқеии иқтисоди миллӣ мутобиқ гардонда шавад.

Ҳамзамон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд.

Самаранокии сиёсати давлатӣ, пеш аз ҳама, дар маблағгузории соҳа инъикос меёбад. Агар соли 2015 барои соҳаи маориф тақрибан 2,5 миллиард сомонӣ ҷудо гардида бошад, соли 2025 ин нишондиҳанда ба зиёда аз 11 миллиард сомонӣ расид. Барои соли 2026 бошад, қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин нишон медиҳад, ки дар давоми солҳои 2015–2026 маблағгузории соҳа зиёда аз 460 фоиз афзоиш ёфтааст. Танҳо дар як соли охир афзоиши маблағгузорӣ 25,4 фоизро ташкил медиҳад, ки аз афзалиятнок будани соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат шаҳодат медиҳад.

Дар баробари рушди маориф, ба соҳаи илм низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Яке аз муҳимтарин дастовардҳо дар ин соҳа таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад, ки барои ташаккули низоми мустақили миллӣ дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Дар натиҷа, имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1500 доктор ва беш аз 7000 номзади илм ва докторон аз рӯи ихтисос (PhD) фаъолият менамоянд. Агар ҳиссаи докторони илмро дар шумораи умумии олимони дараҷадор ҳисоб намоем, он тақрибан 18 фоиз ва ҳиссаи номзадҳои илм ва доктор PhD беш аз 82 фоизро ташкил медиҳанд.

Тағйироти назаррас дар рушди инфрасохтори соҳа низ мушоҳида мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 13 ба 48 адад зиёд гардидааст, ки афзоиш беш аз 269 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 4100 адад гузашта, садҳо бинои нави таълимӣ сохта ва навсозӣ шудаанд. Ин раванд барои баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба таҳсилот ва беҳтар гардидани сифати таълим мусоидат намудааст.

Таҳлили бахши таҳсилоти томактабӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт пешрафти назаррас ба даст омадааст. Агар дар солҳои аввали истиқлолият сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ камтар аз 10 фоизро ташкил медод, имрӯз ин нишондиҳанда тақрибан ба 40 фоиз афзудааст. Дар муқоиса бо солҳои аввали истиқлолият сатҳи фарогирӣ зиёда аз чор маротиба афзоиш ёфтааст. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ кӯдакистонҳои нав сохта шуда, қисме аз муассисаҳое, ки қаблан аз фаъолият монда буданд, барқарор ва дар заминаи онҳо марказҳои рушди кудак таъсис дода шуданд.

Ҳамзамон, дар шароити саноатикунонии босуръати кишвар таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ рушд намуд. Бо таъсиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатӣ дар ин самт муттамарказ гардонида шуд. Ба барномаҳои таълимӣ ихтисосҳои нави марбут ба технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ, энергетика, сохтмон ва хизматрасонӣ ворид гардиданд, ки барои мутобиқ намудани бозори меҳнат ба талаботи рушди иқтисодӣ аҳамияти калон доранд.

Яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти соҳа рақамикунонӣ мебошад, ки муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаҳои электронӣ, марказҳои технологияҳои иттилоотӣ ва тахтаҳои интерактивӣ бомаром идома дорад. Дар баробари ин, дар ҷумҳурии мо рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян шудааст.

Ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ ва дастгирии ҷавонони болаёқат низ тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуд. Квотаи президентӣ, Стипендияи президентӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва бурсияҳои байналмилалӣ имкон фароҳам оварданд, ки ҷавонону нав­расони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намоянд. Имрӯз зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, ки ин нишондиҳандаи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва афзоиши имкониятҳои таълимӣ мебошад.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф ҳанӯз як қатор мушкилот боқӣ мондааст. Норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ, озмоишгоҳҳои муосир, муҳоҷирати кадрҳои илмӣ, сатҳи нокифояи рақамикунонӣ дар баъзе минтақаҳо ва номувофиқатии қисми муайяни ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнат аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаб мебошанд. Дар шароити рушди босуръати зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ зарурати боз ҳам тақвият додани омодасозии кадрҳои муҳандисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба миён омадааст.

Ҳамин тариқ, дар даврони соҳиб­истиқлолӣ парламенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои рушди соҳаи илму маориф заминаи устувори ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва молиявӣ фароҳам овардааст. Афзоиши назарраси маблағгузорӣ, рушди инфрасох­тори таълимӣ, таҳкими иқтидори илмӣ, густариши таҳсилоти томактабӣ ва касбӣ, инчунин, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар оянда низ идомаи ислоҳот ва сармоягузорӣ ба илм ва маориф метавонад ба ташаккули иқтисодиёти донишбунёд ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар мусоидат намояд.

Асадулло НАҶМИДДИНИЁН,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: