https://sadoimardum.tj

Номаҳои бетаҳрир

Кори неку номи нек

№:84 (5136), 06 июл 2026, 17:00
9

Хурду бузурги деҳаи Ободони шаҳри Панҷакент ғамхорию ҳимматбаландии вакили мардумӣ Бобозода Шавкатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш наҳоҳанд кард. Ӯ тасмим гирифт аз ҳисоби пасандозҳои худ ба мо - сокинони деҳа бунгоҳи тиббӣ бунёд намояд.

Ободон деҳаи ҷавон буда, пас аз селобҳои азими солҳои 2010-2016 бо супоришу мадади Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Хамиртеппа бунёд гардидааст.

Сели азими он солҳо рухдода ба мардум хисороти калони ҷонию молӣ расонд. Пешвои ғамхору меҳрубонамон дарҳол ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супориш доданд, ки оқибатҳои офати табииро дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф намуда, ба мардуми зарардида фавран ёрӣ расонанд. Дар натиҷа, барои мардуми зарардида хонаҳои истиқоматии нав сохтаю бо ҳама лавозимоти рӯзгор ба сокинон ҳадя шуд.

Вакили мардумӣ Бобозода Шавкат қавл дода буд, ки бунгоҳи тиббӣ сохта, ба ин восита мушкили сокинони деҳаро бартараф месозад. Ӯ ба қавли худ вафо кард ва ҳоло сохтмони бино дар арафаи анҷомёбист. Воқеан, ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ на танҳо мушкили мардумро бартараф менамояд, балки туҳфаи хубу арзишмандест барои сокинон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ.

Дар ин кори хайр саҳми ҷавонмардони деҳа Зоҳид Саидов ва Илҳом Худойбердиев низ қобили зикр аст. Онҳо дар пешбурди корҳои сохтмонӣ ҳиссагузоранд. Устоҳои чирадаст Бойназар, Шуҳрат, Фирӯз ва Оғобек бинои бунгоҳи тиббиро бо ҳунари баланд аз хишти пухта хеле зебо сохтаанд.

Ёд дорам, модарам мегуфт, ки «Бобоят Муллоғоиб 150 сол пеш дар деҳаи Фароб барои мардум як кӯпруки чӯбин сохта буд. Дар муддати ин солҳо, ҳам замони шуравӣ ва ҳам даврони соҳибистиқлолӣ, ҷойи он кӯпрукҳои нави мошингузар сохтанд, аммо мардум ҳоло ҳам онро кӯпруки Муллоғоиб ном мебаранд».

Воқеан, кори нек номи инсонро низ нек ва зиндаю ҷовид мегардонад. Ному амали неки Бобозода Шавкат низ ҳамеша дар хотираи мардум боқӣ хоҳад монд.

Мизробшоҳ ИСКАНДАРОВ,

собиқадори меҳнат, сокини 77-солаи деҳаи Ободони шаҳри Панҷакент

Ҳамчунин дигар маводҳо: