https://sadoimardum.tj

ҶАВШАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

№:84 (5136), 06 июл 2026, 17:02
5

Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар таърихи давлатдории ҳар як халқу миллат рӯйдодҳои сарнавиштсозе мавҷуданд, ки аҳамияти онҳо бо гузашти замон афзунтар гашта, барои таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик низ соҳиби чунин рӯйдоди муҳими таърихӣ - ваҳдати миллӣ мебошад.

Агар 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр ба арсаи ҷаҳонӣ ворид гардида бошад, пас 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои воқеии таҳкими истиқлоли давлатӣ фароҳам омада, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва сиёсӣ дар саҳифаҳои навини давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хос дорад.

Ваҳдати миллӣ яке аз сарчашмаҳои асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар таърихи навини тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлоли давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва созандагие, ки, пеш аз ҳама, бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки оғози музокироти сулҳ ва раванди барқарорсозии суботи сиёсӣ бо фаъолияти пайгирона ва иродаи қавии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи мустақим дорад. Ин фарзанди фарзонаи миллат дар душвортарин давраҳои таърихи навини Тоҷикистон масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, тамоми неру ва имконияти худро барои барқарор намудани сулҳу оромӣ сафарбар намуданд.

Дар оғози фаъолияти худ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси баланди ­масъулият изҳор намуда буданд: «Мо бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахшем. Бояд дар сарзамини азияткашидаи мо аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагиву ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад. Ҳамаи мақсаду мароми ман ҳамин оштии миллӣ ва ба воситаи он баргардонидани гурезаҳо, ободу ором сохтани Тоҷикистон аст».

Ин суханон далели равшани онанд, ки Роҳбари давлат аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон сулҳу ризоияти миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ муайян намуда буданд.

Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар қаламрави кишвар муҳити созанда ва ояндасоз фароҳам омад. Баъд аз барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар ҳазорҳо километр роҳҳои автомобилгард, нақбҳо ва пулҳои стратегӣ бунёд гардида, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Ҳамзамон, даҳҳо неругоҳи барқи обӣ сохта шуда, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба таҳкими истиқлоли энергетикии мамлакат замина гузошт. Дар соҳаи маориф садҳо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бунёду навсозӣ гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам шуд.

Тоҷикистон бо татбиқи сиёсати «дарҳои боз» мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар эътироф шуд. Ин ҳама дастовардҳо, маҳз, дар фазои сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ амалӣ гардиданд.

Имрӯз, ки Тоҷикистон дар роҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад, аҳамияти ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Ваҳдат барои мардуми тоҷик дар баробари дастоварди таърихӣ пояи давлатдорӣ, шарти пешрафт ва кафили зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу фардо мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидтар шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқона Ватани азизамонро ободу зеботар ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат - истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат кушиши бештар ба харҷ диҳем.

Абдулло МАҲМАШАРИФЗОДА,

корманди Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: