Ифтитоҳи хатти нави оби полезӣ бо дарозии 12 километр дар ноҳияи Дешваштич
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дар деҳаи Далёни Боло хатти нави оби полезиро, ки дарозии он 12 километрро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби полезӣ майдони кишти картошка ба 800 гектар расонида шуда, барои беш аз 200 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар оянда заминаи устувор фароҳам мегардад. Ин тадбири муҳим бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардидааст.
Хатти оби полезӣ аз мавзеи Шаршара, ки манбаи он аз пиряхҳои кӯҳҳои сарбафалаккашида ва чашмаҳои мусаффои кӯҳистон сарчашма мегирад, тавассути қубурҳои қутрашон 400 миллиметра ба масофаи муқарраргардида интиқол дода шуда, ҳамзамон бо бунёди ҳавзи махсуси обнигоҳдорӣ низоми муосири захира, танзим ва таъмини мунтазами об ба роҳ монда шудааст. Он фаъолияти устувору боэътимоди шабакаи обтаъминкунӣ ва обёриро таъмин намуда, ҳамчун заминаи муҳим барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби босифат хизмат мекунад.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави оби полезӣ беш аз 2000 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамзамон, истифодаи пурраи иқтидори заминҳои обёришаванда барои афзоиши истеҳсоли картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Пас аз ифтитоҳи хатти оби полезӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони васеи кишти картошка дидан намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ноҳияи Деваштич яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ҳамасола дар таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти муҳими озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 9 ҳазору 200 гектар кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи пешбинишудаи кишт беш аз 113 фоиз иҷро гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори соҳа ва истифодаи самараноки иқтидори заминҳои кишоварзӣ дарак медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки майдони кишти картошка дар ноҳияи Деваштич ба 10 ҳазор гектар расонда шавад, то ки ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, имкони содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар низ ҳосил шавад.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, техника ва мошинолоти соҳавӣ, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Деваштич боздид намуда, ба фаъолияти кишоварзон ва имкониятҳои мавҷудаи рушди соҳа баҳои баланд доданд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, обу заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, маҳсули меҳнати худро пешниҳод намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли ғалладонагиҳо ба ҳолати 5-уми июли соли равон 15 ҳазору 540 тонна, картошка ба 9 ҳазору 197 тонна расида, истеҳсоли сабзавот, полезиҳо, мева, асал, гӯшту шир ва тухми паранда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида зиёд гардидааст.
Дар намоишгоҳ ҳамзамон гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ бо завқу маҳорати хосса ороста буд. Намунаҳои маҳсули дастони ҳунармандони соҳибистеъдод ва занону модарони ҳунарофари ноҳияи Деваштич, аз ҷумла таомҳои миллии хоси ноҳия ин гӯшаро бо рангорангӣ, нафосат ва заҳмати дастони сеҳрофари худ ҷилои тоза бахшида, бозгӯ аз фарҳанги куҳанбунёд, ҳунари воло ва анъанаҳои неки меҳмоннавозии мардуми тоҷик буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо маҳсули заҳмати деҳқонони ризқофари ноҳия ба масъулин ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, тухмиҳои навъҳои серҳосил, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон таваҷҷуҳи масъулин ба таъмини нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани майдони кишти картошка ҷалб карда шуд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
