Ифтитоҳи ҶДММ Сайри Суғд дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сайри Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Самти фаъолияти ҷамъият асосан ба истеҳсоли мошинҳои хурди барқии боркашонӣ, дучарха ва истеҳсоли 18 намуд бозичаи кӯдакона равона гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳадафи рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулоти ивакунандаи воридот аз ҷониби бародарон Умаровҳо сохта шудааст.
Дар корхонаи тозабунёд дар як моҳ бо ҷалби зиёда аз 100 коргари маҳаллӣ 35 намуди маҳсулот, аз ҷумла 250 мошини хурди барқӣ, 15 ҳазор дучарха ва 30 ҳазор бозичаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад, ки 70 фоизи маҳсулоти тайёри корхона ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Биноҳои асосӣ ва коргоҳҳои механикӣ, кафшергарӣ, банду баст ва рангу бор, ки дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, бо занҷираи ягонаи истеҳсолӣ ва дастгоҳу технологияи насли нав пайваст карда шуда, он то анҷоми корҳои истеҳсолӣ ба таври автоматӣ ба ҳаракат меояд.
Ҷорӣ кардани усули нави техникӣ кори дастиро то 90 фоиз коҳиш додааст.
Ёдовар мешавем, ки 19 ноябри соли 2024 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи марҳилаи аввали корхонаи Сайри Суғд ба муассиси корхона тавсия дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ барои қонеъсозии талаботи мардум корхонаи истеҳсоли мошинҳои хурди барқиро бунёд намоянд.
Аз ин хотир соҳибкор Мирзо Умаров дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ технологияи муосирро аз хориҷи кишвар ворид карда, истеҳсоли мошинҳои хурди барқиро бо бренди Сайр моторс ба роҳ монд.
Мошинҳои хурди барқии истеҳсоли Тоҷикистон метавонад бо як маротиба пур кардани барқ 100 километр масофа ҳаракат кунад.
Ин мошинҳо бо борбардории бештар аз 1 тонна ва ду ҷойи нишаст мувофиқи дархости мардум бо сақфи кушода ва пушида истеҳсол карда мешаванд.
Ҳоло истеҳсоли қариб тамоми қисмҳои дучарха дар дохили корхона ба роҳ монда шудааст ва танҳо 3 намуди лавозимот аз хориҷи кишвар воридот мегардад, ки ин аз дараҷаи баланди кордонии мутахассисони тоҷик ва истифодаи дурусти технологияи муосир шаҳодат медиҳад.
Манфиати дигари истифодаи технологияи нав то 10 маротиба кам кардани кори дастӣ дар ҳамвазнсозии (балансировка) чархҳо мебошад.
Масъулини корхона оянда нақша доранд, ки дар доираи фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти корхонаро афзоиш диҳанд ва дар амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат саҳми арзанда гузоранд.
Сарвари давлат иқдоми муассиси корхонаро дар бунёди чунин иншооти саноатӣ, таъмини сокинон бо кори доимӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсоли ватанӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки барои ҷалби сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва бунёди иншооти нав чораҳои иловагӣ андешанд.
Минтақаи озоди иқтисодии Суғд соли 2008 бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар давоми 17 соли охири фаъолият дар он бо ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ 27 иншооти саноативу хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шудааст ва ҳоло дар 25 субъекти дигар корҳои лоиҳакашӣ ва озмоишӣ идома дорад.
Соли 2026 дар минтақа 5 субъекти нав бо таъсиси 300 ҷойи кории нав ба қайд гирифта шудааст, ки самти фаъолияти онҳо асосан истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ мебошад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
