https://sadoimardum.tj

Солимии кӯдакон аз ғизои солим вобаста аст

№:88 (5140), 17 июл 2026, 17:08
5

Ба мақсади ҳифз ва таъмини солимии кӯдакон дар ҷумҳурӣ санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ, стратегия ва барномаҳои дахлдори давлатӣ қабул шудаву мавриди амал қарор гирифтаанд. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027», «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027», «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026» аз ҳамон ҷумлаанд.

Солимии кӯдакон аз истеъмоли дурусти ғизои тавсияшаванда вобастагии зиёд дорад. Дар ин самт талабот ба моддаҳои ғизоӣ (моддаҳои ғизоӣ-ҷузъҳои асосии ғизо мебошанд, ки барои фаъолияти муътадил, рушд ва барқароршавии организми инсон заруранд) зиёд шуда, ба инкишофи кӯдак таъсири мусбат мерасонанд. Ин муддат, махсусан, талабот ба сафеда, витамин ва микроэлементҳо зиёд мегардад. Ин гуна маводи ғизоӣ дар шароити ҷумҳурии мо хело фаровон аст ва истеъмоли дурусти он ба ташаккули ҳамаҷонибаи организм мусоидат менамояд. Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки кӯдак дар як рӯз бояд аз се то чор маротиба хӯроки гарм истеъмол намояд. Дар ҳолати риояи истеъмоли ғизои гарму сермаҳсул масуният баланд шуда, кӯдак аз беморшавӣ, хоса аз бемориҳои мавсимӣ, (зуком ва ғайра) эмин мемонад.

Таҳқиқу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин гуна кӯдакон, ҳамчунин, нишондоди баландро дар муассисаҳои тарбиявӣ ба даст меоранд ва ҳини таҳсил дар мактаб низ муваффақанд.

Муайян шудааст, ки нав­расӣ марҳилаи саршавии инкишоф буда, ин давра барои рушди ояндаи инсон хеле муҳим мебошад. Умуман, оғоз аз даҳсолагӣ то ба балоғат расидан вазни инсон бояд то 30 килограммро ташкил диҳад.

Дар айёми наврасӣ фаъол­нокӣ зиёд шуда, талабот ба истеъмоли ғизо бештар мегардад. Ба ин хотир, дар таркиби хӯроки истеъмолшаванда сафеда, витаминҳо ва микроэлементҳо бояд мавҷуд бошанд.

Дар ҷомеаи кунунӣ эҳсос мекунем кӯдаконе, ки мувозинати дурусти истеъмоли ғизоро риоя мекунанд, дуруст инкишоф меёбанд. Тибқи таҳлилҳо, истеъмоли нодурусти ғизо ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад. Махсусан, дар шароити имрӯза хӯрокҳои зудтайёршавнда ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ доранд. Ин гуна хӯрокҳо боиси фарбеҳӣ, камҳаракатӣ дар кӯдакон ва паст шудани масунияти онҳо мегарданд.

Масуният ин системаи муҳофизатии бадан аст, ки устувории генетикиро нигоҳ медорад. Низоми масунӣ ҳам вазифаи муҳофизатӣ ва ҳам «таъмиркунӣ»-ро иҷро мекунад, яъне камбудиҳоеро, ки дар дохили бадани инсон ба вуҷуд омадаанд, бартараф месозад. Дар сурати паст шудани он воридшавии вирусҳо, бактерияҳо, замбурӯғҳо ва ғайра ба организми инсон зиёд мегардад. Ба ибораи дигар, бадан дигар қобилияти муҳофизатиашро пурра иҷро карда наметавонад. Ба ин хотир, мо бояд кӯшиш намоем, ки ғизои истеъмолнамудаи кӯдакон ва тарзи омода намудани он ба меъёрҳои муқарраргардида мутобиқ бошад, зеро танҳо истеъмоли ғизои солим боиси инкишофи дурусти кӯдакон мегардад.

Маҳмадаюб АЗИМОВ,

табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии № 13-и шаҳри Душанбе

Ҳамчунин дигар маводҳо: