https://sadoimardum.tj

«ҚОЛИНҲОИ ҚАЙРОҚҚУМ»

№:90 (5142), 27 июл 2026, 17:03
12

Истиқлоли давлатӣ ва марҳилаи нави рушд

Дар доираи иқдоми маърифатӣ ва иттилоотии «Суғд дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корвони журналистон ин навбат ба шаҳри Гулистон сафар намуд. Ҳадафи асосии сафар шиносоӣ бо дас­товардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва омодагии шаҳр ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мо - рӯзноманигорон аз як қатор иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ боздид намуда, ба натиҷаҳои рушди шаҳр аз наздик ошно шудем.

Яке аз корхонаҳое, ки аснои сафар аз он боздид намудем, «Қолинҳои Қайроққум» мебошад. Он бузургтарин корхонаи истеҳсоли қолин ва маҳсулоти қолин дар Тоҷикистон ба шумор рафта, дар тӯли 65 соли фаъолият таҷрибаи ғанӣ ва эътибори баландро соҳиб гардидааст.

Маҳсулоти корхона бо сифати баланд, нақшу нигори миллӣ, рангорангӣ ва мутобиқат ба талаботи бозори муосир фарқкунада мебошад. Дар ҳар як қолин зебоии табиати Тоҷикис­тон, анъана ва ҳунари қолинбофии миллӣ таҷассум ёфтааст. Ин аст, ки маҳсулоти корхона берун аз кишвар низ мавқеъ пайдо кардааст.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат, аз ҷумла қолинбофӣ, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Боздиди Пешвои миллат аз корхона дар солҳои 2013, 2018, 2021 ва 2023 барои кормандон рӯйдоди таърихӣ ва илҳомбахш гардид.

Эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» барои фаъо­лияти корхона имкониятҳои нав фароҳам овард. Бо татбиқи «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2014-2020 ва 2021-2025 парки технологии корхона пурра таҷдид гардида, дастгоҳҳои навтарини истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон, Белгия, Туркия, Фаронса, Ҷопон, Россия, Австрия ва Ҳиндустон ворид ва насб шуданд, ки ин ба суръат ва сифати кор таъсири мусбат расонд. Агар истеҳсол солҳои 2013-2020-ум 1 миллиону 770 ҳазор м2-ро ташкил дода бошад, солҳои 2021-2025 ин нишондиҳанда ба 3 миллиону 186 ҳазор м2 расида, танҳо дар соли 2025 зиёда аз 3 миллиону 800 м2 маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Аз соли 2013 то имрӯз дар доираи ҷалби сармояи хориҷӣ ва маблағгузории корхона хатҳои нави технологӣ насб шуданд, ки самаранокии онҳо нисбат ба дастгоҳҳои пешина то 20 маротиба бештар мебошад. Ин навсозӣ на танҳо ҳаҷми истеҳсолро зиёд кард, балки сифати маҳсулот ва рақобатпазирии онро дар бозорҳои дохилу хориҷ беҳтар намуд.

Қадами муҳими дигар ба роҳ мондани истеҳсоли ришта дар дохили корхона мебошад. То соли 2018 тамоми ашёи хоми зарурӣ аз хориҷ ворид мегардид. Аз моҳи майи соли 2018 истеҳсоли ришта ба роҳ монда шуд, ки ин имкон фароҳам овард имрӯз зиёда аз 60 фоизи ашёи хом дар корхона истеҳсол шавад. Ин иқдом арзиши аслии маҳсулотро коҳиш дода, ба истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат намуд.

Бо мақсади мутобиқ намудани маҳсулот ба талаботи бозор мутахассисони корхона ҳамарӯза нақшу нигор ва дизайнҳои нав таҳия мекунанд. Иқтидор ва имконияти корхона имкон медиҳанд фармоишҳои муштариён, новобаста аз ҳаҷм, андоза ва тарҳ, дар муҳлати кӯтоҳ иҷро шаванд.

Корхона барои муаррифии маҳсулоти худ дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоишгоҳ ва ярмарка-фурӯш ташкил намуда, маҳсулоти худро бо тахфифи аз 20 то 50 фоиз пешниҳод менамояд. Ҳамчунин, қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши доимӣ таъсис дода шудааст, ки барои харидорон имконияти интихоби васеи маҳсулотро фароҳам меорад.

Муқоисаи натиҷаҳои солҳои 2013-2025 бозгӯи онанд, ки истеҳсол қариб се маротиба, музди миёнаи меҳнат 2 ва фонди музди меҳнат 4,2 маротиба, шумораи кормандон 2,2 ва пардохтҳо ба буҷет 10,2 маротиба афзудааст.

Самаранокии меҳнат низ чандин маротиба беҳтар шудааст. Агар соли 1991 ҳар як корманд ба ҳисоби миёна 1384 м2 маҳсулот истеҳсол мекард, соли 2025 ин нишондиҳанда ба 6824 м2 расидааст.

Ширкати «Қолинҳои Қайроққум» ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ширкат дорои сертификати байналмилалии ИСО 9001 буда, борҳо ғолиби озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст. Аз ҷумла, соли 2025 низ маҳсулоти корхона ба ин унвон сазовор дониста шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар корхона 2066,4ҳ. м2 маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 163,8ҳ. м2 ё 8,6 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ бошад, 956,7 тоннаро ташкил дод. Бо мақсади боз ҳам зиёд намудани истеҳсолот айни замон сехҳои асосӣ дар се баст фаъолият менамоянд.

Дар моҳи марти соли 2023 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингии нақшин мавриди истифода қарор гирифт. Ин иқдом ба истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунанда, афзоиши истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави кор заминаи мусоид фароҳам овард.

Корхона бо ширкатҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон ҳамкории судманд дошта, маҳсулоти худро ба ин кишварҳо содирот менамояд.

Содирот дар нимсолаи якуми соли 2026-ум 1 миллиону 715 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 360 ҳазор доллар ё 26,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, «Қолинҳои Қайроққум» ҳамчун яке аз намунаҳои барҷастаи саноати муосири Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда мегузорад.

Нодир ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: