https://sadoimardum.tj

Суғд. Ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ ва кишти такрорӣ

№:91 (5143) 31 июл 2026, 14:46
7

Дар шаҳру ноҳияҳои картошкапарвари вилояти Суғд мавсими ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ ба марҳилаи ниҳоии худ расидааст. Дар саҳроҳои шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, ноҳияҳои Деваштич ва дигар минтақаҳои картошкапарвар деҳқонон аз шароити мусоиди обу ҳаво самаранок истифода бурда, бо ҷамъоварии ҳосил ба омодасозии замин барои кишти такрорӣ машғуланд.

Картошкапарварӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми бориз дорад. Ба шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи тухмиҳои серҳосил, технологияҳои муосир ва риояи талаботи агротехникӣ ҳосилнокии майдонҳои картошка солҳои охир афзоиши назаррас ёфтааст. Бино ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, соли ҷорӣ дар майдони 20 ҳазору 842 гектар картошка кишт шуда буд, ки аз ин 1000 гектар ба картошкаи барвақтӣ рост меояд.

То имрӯз дар вилоят зиёда аз 62 ҳазору 800 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз ин 47 ҳазору 900 тонна ба хоҷагиҳои деҳқонӣ рост меояд.

Ҳамзамон, кишти такрорӣ низ дар вилоят босуръат идома дорад. Тибқи нақша, имсол дар майдони 17 ҳазору 220 гектар кишти такрорӣ анҷом дода мешавад.

Дар ин самт кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов пешсаф мебошанд. Ба иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия Шуҳрат Аҳмадов, кишти такрорӣ дар 2985 гектар ба нақша гирифта шуда, то имрӯз дар 1449 гектар иҷро гардидааст. Дар заминҳои аз кишти аввал холишуда, асосан, ҷуворимакка, лӯбиёгӣ, сабзавот ва хӯроки чорво кишт мешаванд.

Мутахассисони соҳа бовар доранд, ки ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва истифодаи самараноки заминҳои корам барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аҳамият дорад. Бо чунин суръати кор интизор меравад, ки кишоварзони вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ ва кишти такрориро пурра иҷро намоянд.

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: