https://sadoimardum.tj

Ёрии Пешвои миллат ба зарардидагони Рӯшон

№:91 (5143), 31 июл 2026, 14:52
5

Оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бархӯрдор шуданд. Ҳини расонидани ёрӣ ба оилаҳо раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода иброз намуд, ки вазъи баамаломада дар деҳоти Баррӯшону Деҳрӯшони ноҳия аз лаҳзаҳои аввал зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошт. Ёдовар мешавем, ки бо дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони ёрӣ иборат аз 11 мошини боркаш бо маводи ниёзи аввал, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои бунёди хонаҳо ба ноҳия расид.

Ҳамватанонамон иттилоъ доданд, ки 20-уми июли соли равон бо сабаби якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо дар деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон сел омад. Хушбахтона, бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва қисме аз инфрасохтори маҳаллӣ зарари ҷиддӣ диданд.

Аз лаҳзаҳои аввали ҳодиса бо супориши Сарвари давлат тамоми сохторҳои масъул барои расонидани ёрии фаврӣ, таъмини амнияти сокинон ва бартараф намудани оқибатҳои офат сафарбар шуданд.

Дар маркази ноҳия ситоди доимамалкунандаи вилоятӣ таҳти роҳбарии раиси вилоят Шарифхон Сафарзода фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монд. Ба ҳайати он роҳбарони сохторҳои давлатӣ, ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тандурустӣ, хадамоти коммуналӣ ва дигар идораҳои масъул шомиланд.

Сокиноне, ки манзилҳояшонро сел таҳдид мекард, фавран ба ҷойҳои амну бехатар кӯчонида, бо ҷойи зисти муваққатӣ ва тамоми шароити зарурӣ таъмин шуданд. Дар баробари ин, гурӯҳҳои корӣ ба омӯзиши вазъ, муайян намудани ҳаҷми зарар ва таҳияи нақшаи корҳои барқарорсозӣ оғоз намуданд. Тибқи хулосаи комиссияи вилоятии баҳогузории хисорот, дар деҳаи Баррӯшон 10 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон гардида, 6 хонаи дигар қисман ва 14 хона ба таври ҷузъӣ зарар дидааст. Дар деҳаи Деҳрӯшон бошад, 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона ҷузъӣ осеб дидаанд. Дар маҷмуъ, ба 40 манзил офати табиӣ зарар расондааст.

Бо дастури Роҳбари давлат барои бунёди 11 хонаи нав замин ҷудо шуда, сохтмони онҳо, аллакай, оғоз гардид.

Бо мақсади пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ мутахассисон вазъи маҷрои дарёҳо, пиряхҳо ва минтақаҳои хавфнокро пайваста назорат намуда, тадбирҳои иловагии муҳофизатиро амалӣ месозанд.

Сокинони деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшон изҳор доштанд, ки аз нахустин лаҳзаҳои рух додани сел худро танҳо эҳсос накарданд. Онҳо расидани гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ, ташкили ситоди доимоамалкунанда, кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехатар ва дастрас гардидани маводи ниёзи аввалро нишонаи таваҷҷуҳи доимии давлат арзёбӣ карданд.

22-юми июл Пешвои миллат пас аз анҷоми сафари давлатии худ ба Муғулистон бо раиси вилоят суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат ҳисоботи раиси вилоят оид ба рафти бартарафсозии оқибати офати табиӣ дар ноҳия шунида шуд. Сарвари давлат ба роҳбарияти вилоят супориш доданд, ки дар муҳлати як моҳ оқибатҳои селро пурра бартараф намуда, барои барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти зарардида ба аҳолии осебдида кумаку дастгирии ҳамаҷониба расонанд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор низ ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои барқарорсозӣ дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Машҳур ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: