https://sadoimardum.tj

«Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд

17 июл 2026, 08:30
3

Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд.

Дар ин бора 16 июли соли равон муовини якуми директори агентӣ Ҳаким Исмоилзод дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизмҳои ҳифзи барномавӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, амалӣ карда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, шаффофият ва устувории низомҳои иттилоотӣ мусоидат менамояд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: