Кӯлоб. Қариб 5000 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд
Дар шаш моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 4852 нафар бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҷӯрабек Қурбонзода иттилоъ дод.
Дар ин давра ба 1018 нафар бекорон кӯмакпулӣ таъин гардидааст. Ҳамчунин, ба 1654 нафар ба маблағи 1 миллиону 838 ҳазору 770 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт гардидааст.
Инчунин, дар шаш моҳи соли равон 104 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, соҳибкорон ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ доир шуда, дар онҳо 714 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод.703, мод.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
