https://sadoimardum.tj

Ноҳияи Фирдавсӣ таъсиси 5372 ҷойи нави кор дар 6 моҳ

№:93 (5145), 07 авг 2026, 15:36
7

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ соҳаи саноати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рушди назаррас дошта, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 970,1 миллион сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85,7 миллион сомонӣ зиёд буда, асосан, аз ҳисоби афзоиши истеҳсол дар бахшҳои коркард, дӯзандагӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон ва корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардидааст. Ин нуктарои раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода 15-уми июли соли 2026 зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Дар ин муддат 10 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба қайд гирифта шуда, 5372 ҷойи нави кор ташкил гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 224 ҷой бештар мебошад. Дар ноҳия ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ба 10,4 миллион доллари ИМА расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

- Бо мақсади густариши иқтидори истеҳсолӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии корхонаҳои саноатӣ, инчунин, бунёди марказҳои савдову хизматрасонӣ ва гулгаштҳо идома дошта, дар натиҷаи амалисозии онҳо ҳазорҳо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ таъсис дода мешавад, - афзуд Дилшод ­Сафарзода.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: