«Шоҳнома» соҳиби шоҳҷоизаи байналмилалӣ шуд
Чанде пеш дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар он «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ сазовори шоҳҷоиза гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, инчунин, дар номинатсияи «Санъати ороиш»-и ин озмун китоби «Олами гулдӯзии тоҷик» мақоми аввалро касб кардааст.
Ҳамчунин, дар номинатсияи «Муколамаи фарҳангҳо» асари Раҳмоналӣ Мирализода - «Дар ҳавои Мавлоно», дар номинатсияи «Илм ва маориф» китоби «Физикаи олам, фалсафаи ҳастӣ»-и Фарҳод Раҳимӣ ва дар номинатсияи «Китоби кӯдакон ва наврасон» маҷмуаи китобҳои бачагонаи «Сандуқи афсонаҳо» соҳиби ҷойҳои дуюм гардиданд.
Китобҳои «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ дар номинатсияи «Дар иттиҳод чоп шудааст», «Достони Душанбе»-и Давлат Сафар дар номинатсияи «Кишвари ман» ва «Мулки меҳру мулки шеъру мулки сеҳр»-и Низом Қосим дар номинатсияи «Иттиҳод» сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.
Китоби «Раҳбари дилҳо»-и Суруши Оина бо дипломи махсуси озмун қадрдонӣ шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, ба Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 6 давлат беш аз 70 китоб пешниҳод гардида буд, ки беҳтарин намунаҳои китобҳои дар солҳои 2025-2026 чопшуда мебошанд.
Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» яке аз минбарҳои муҳим барои муаррифӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти ноширони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 аз ҷониби Шурои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдои китоб, китобпаҳнкунӣ ва умури ноширӣ доир карда мешавад.
Маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи сентябри соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
