https://sadoimardum.tj

Мақоми бонувон

№:93 (5145), 07 авг 2026, 15:40
21

Он дар фарҳанги мо ҷойгоҳи хос дорад

Дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар бонувон нақши созгору созанда доранд. Таъмини ҳуқуқу имкони бонувон меҳвари ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, рушди ҷомеаи муосир бидуни иштироки онҳо ғайриимкон аст. Ин ҳама ғамхорӣ нисбат ба бонувон аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар мансабҳои роҳбарикунанда ва сохторҳои давлатӣ, фаъолият доранд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 таъкид гардид, ки «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсат­ро дар оянда низ идома медиҳем».

Тадбирҳои судманд баҳри амалисозии ин ҳадафҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар самараи нек ба бор оварда, эътимоди ҷомеа ба занҳо бештар гардид. Агар дар интихоботи қаблӣ 15 зан вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда бошанд, соли 2025 шумораи онҳо ба 18 нафар расид. Дар даъвати кунунӣ занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28,6 ва дар Маҷлиси миллӣ 30,3 фоизро ташкил медиҳанд.

Мавриди зикри хос аст, ки баробарии гендерӣ дар сатҳи сиё­сати давлатӣ хуб ба роҳ монда шудааст, вале на ҳама занону духтарон аз ҳуқуқу озодиҳои конс­титутсионии хеш огоҳ ҳастанд. Ҳанӯз ҳам омилҳое ҳастанд, ки дар роҳи расидан ба баробарии гендерӣ монеа эҷод мекунанд. Масалан, то ҳол дар ҷомеа одамоне ҳастанд, ки вазифаи асосии занонро танҳо тарбияи фарзандон ва пешбурди корҳои рӯзгор меҳисобанд. Ин боис гардидааст, ки баъзе духтарон пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз идомаи таҳсил дар макотиби олӣ маҳрум шаванд. Мутаассифона, аксари ин духтарон умре чун ганҷи ниҳон боқӣ монда, на ба корҳои давлатӣ ҷалб мешаванд ва на ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

Яке аз воситаҳое, ки дар паҳн кардани ғояву арзишҳои миллӣ хеле васеъ истифода мегардад, иттилоот аст. Он ҳамчун омили стратегии дигаргунсозии иҷтимоӣ, на танҳо сохтори муносибатҳои ҷамъиятиро тағйир дод, балки дар таъмини баробарии гендерӣ низ нақши муҳим бозид. Имрӯз дастрасӣ ба иттилоот барои занон воситаи асосии таъмини худшиносӣ ва иштирок дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ гардидааст. Ба василаи иттилоърасонӣ занон метавонанд муносибати ҷомеаро нисбат ба худ дигар кунанд ва баробарии воқеии гендериро татбиқ намоянд, аммо дар ин самт эҳтиёт бояд кард, зеро на ҳама иттилоъ саҳеҳ ва манфиатовар аст. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳое паҳн мешаванд, ки хурофот ва хурофотпарастиро ташвиқу талқин мекунанд. Шаҳрвандони зиёде ҳастанд, ки онҳоро гӯш карда, аз содагию зудбоварӣ фирефта мегарданд.

Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» амал менамояд, мутаассифона, дар баъзе оилаҳо то ҳол зӯроварӣ ба қайд гирифта мешавад. Баҳри пешгирӣ, ошкор ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ҳар як фарди соҳибмаърифат масъул аст. Ҷойгоҳи зан дар тамаддуни мо ҳамеша боло буд ва тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад». Барои ҳамин давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳоро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон намуд. Зарур аст, ки на танҳо занон, балки мардон низ ба ин раванд ҷалб шаванд, то баробарии гендерӣ на ҳамчун «муборизаи занон», балки ҳамчун мафҳуми «рушди ҷомеа» пазируфта шавад.

Омилҳои зерин дар роҳи амалишавии самараноки сиёсати гендерӣ монеа эҷод мекунанд:

- Бархе занон, хоса дар ноҳияҳои дурдаст, аз ҳуқуқҳои худ (ҳуқуқ ба моликият, мерос ё ҳифз аз зӯроварӣ) огоҳии комил надоранд;

- Набудани истиқлоли молиявӣ ва маърифати иқтисодӣ занонро ба мардон (шавҳар, падар ё бародар) вобаста мекунад. Вақте зан манбаи даромади доимӣ надорад, қудрати қабули қарор дар оила ва ҷомеаро аз даст медиҳад;

- Сарбории зиёди рӯзгор занонро аз имкони рушди ҳамаҷониба ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ маҳрум месозад. Инчунин, боиси он мегардад, ки занон вақти кофӣ барои таҳсил, худтакмилдиҳӣ ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ намеёбанд;

- Ҳанӯз ҳам андешаи ғалати ҷудо намудани касбҳо ба «мардона» ва «занона» вуҷуд дорад. Ин боис мегардад, ки занон бештар дар соҳаҳои каммузд кор мекунанд;

- Муҳоҷирати мардон бори вазнини зиндагиро ба дӯши занон мегузорад, ки ин имкони рушди иҷтимоию сиёсии онҳоро маҳдуд мекунад;

- Никоҳҳои барвақтӣ ва ғайрирасмӣ занонро аз ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи қонунӣ маҳрум карда, роҳи онҳоро ба сӯйи таҳсилу кор мебандад.

Бинобар ин, бонувони моро зарур аст, ки дар асри иттилоот ва пешрафти зеҳнӣ сунъӣ ба иттилооти дуруст ва маърифати баланди ҳуқуқӣ дастрасӣ дошта бошанд, зеро бо маърифати баланди ҳуқуқӣ ва эҳтироми арзишҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд зани соҳибмаърифат на танҳо мақоми хеш, балки мақому мартабаи инсониятро боло мебарад.

Фирӯз ҲАҚНАЗАРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: