Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори зеҳнӣ
Аз соҳаи афзалиятнок то тадбирҳои амалӣ
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар давлату миллат неъмати бебаҳо ва рамзи озодию соҳибихтиёрӣ буда, чун омили аслии рушд ва пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ эътироф мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон хизматҳои беназир намуда, дар ин марҳила барои ба эътидол овардани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла барои рушди соҳаи илму маориф низ, заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд. Бо мақсади таъмини рушди бомароми соҳаи маориф ва илм, инчунин, фаъолияти самараноки соҳаи мазкур дар ин давра як силсила санадҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳар яки онҳо барои таъмини фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии кишвар нақши муассир гузоштанд.
Қобили қайд аст, ки ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд боиси ба вуҷуд омадани таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти моддию маънавӣ гардида, дар ин замина, дар назди муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ вазифаҳо ва масъулияти муҳим ба миён омаданд. Вобаста ба ташаккули муносибатҳои нав дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мутобиқшавии соҳаи маориф ва илм ба ин равандҳо, хусусан, роҳандозӣ намудани тадқиқотҳо тибқи ниёзҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, тарбияи мутахассисони сатҳи баланди илмӣ ва, дар ин замина, таҳким бахшидани иқтидори зеҳнии ҷумҳурӣ ба зарурати воқеӣ табдил ёфт, зеро Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки низоми ташкил ва идораи илм, хусусан тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ, бояд тибқи меъёрҳо ва талаботи давлати соҳибистиқлол ба роҳ монда шавад.
Бояд зикр намуд, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, хусусан, аз солҳои 2000-ум ин ҷониб, ки фазои сиёсӣ ва ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ рӯ ба эътидол оварда буд, масъалаи маориф, илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт. Бо ин мақсад маориф соҳаи афзалиятнок эълон шуда, инчунин, як силсила тадбирҳое амалӣ гардиданд, ки барои мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажуҳишгоҳҳо ба талаботи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, қабл аз ҳама, дар самти ҷалби ҷавонон ба илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, дар ин давра (соли 2004) таъмир ва мавриди истифода қарор додани хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон бо маблағи 4,5 миллион сомонӣ барои 270 нафар ва, ҳамзамон, 4 баробар зиёд намудани идрорпулии аспирантҳо аз иқтидомоти муҳим ва саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои ҷалби олимони ҷавон ба илм ва, инчунин, ҳифзи иҷтимоии онҳо нақши муассир гузошт. Тибқи таҳлилҳо, то аввали солҳои 2000-ум дар аксари муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ теъдоди аспирантҳо ангуштшумор буданд. Баъди амалӣ гардидани ин тадбир аз ҷониби Ҳукумат масъалаи қабул ба аспирантура дар тамоми муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ ба таври чашмрас рӯ ба беҳбудӣ овард.
Ҳамчунин, таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавони ҷумҳурӣ аз иқдомоти дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, ки дар ин марҳила барои дастгирии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба соҳаи илм хеле муҳим ва саривақтӣ буд. Дар маҷмуъ, то соли 2010 доир ба дастгирии молиявии соҳаи илм ва ҳифзи иҷтимоии олимони ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумат 27 санади давлатӣ ба тасвиб расидааст, ки ин ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар самти тадқиқот ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ин марҳила нақши муҳим гузошт.
Рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ворид гардидани технологияҳои гуногуни инноватсионӣ, афзудани талаботи мардум ба дастовардҳои илму техника, тағйир ёфтани фазои таҳсилот ва дигар омилҳои муҳим водор намуд, ки баҳри тарбияи мутахассисон ва, хусусан, кадрҳои соҳибунвон барои самтҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Бо дарки воқеии вазъият ва ҷиҳати ислоҳи мушкилоти мавҷудаи кадрӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №296 «Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ба тасвиб расид. Маврид ба ёдоварист, ки ин барномаи шашсола барои рафъи буҳрони кадрӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар мусоидат намуд ва, ба ин хотир, аз ҷониби ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ чун амали муҳиму саривақтӣ пазируфта шуд.
Тавре медонем, 18 марти соли 2020 мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот масъалаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки бо назардошти зарурати кадрии ҷумҳурӣ барномаи тайёр кардани кадрҳои илмиро таҳия ва пешниҳод намояд. Дар асоси ҳамин супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 июни соли 2021, №264) тасдиқ гардид.
Раванди татбиқи барномаи мазкур собит намуд, ки он ба ниёзмандиҳои фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ, талаботи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ дар шароити муосир чандон ҷавобгӯ набуда, ба бозбинӣ ва такмил ниёз дорад. Маҳз, бо назардошти ҳолати мавҷудаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар (28.12.2024) ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо дарки амиқи ҳолат таъкид намуданд, ки: «...вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд».
Вобаста ба ин дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти талаботи муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба кадрҳои дорои дараҷаҳои илмӣ «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030» таҷдиди назар гардида, дар таҳрири нав барои солҳои 2025-2030 тасдиқ карда шуд. Айни ҳол раванди омода намудани кадрҳои илмӣ дар муассиса ва корхонаю ташкилотҳои кишвар тибқи барномаи мазкур идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки илму маорифи пешрафта ва олимону мутахассисони болаёқат кафили рушд ва бунёди иқтидори зеҳнӣ маҳсуб шуда, барои мақоми шоиста пайдо кардани кишварҳо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тибқи талаботи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ аз нав таҳия ва пешниҳод намудани барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ барои ҳолати имрӯзаи соҳаи мазкур муҳим ва саривақтӣ маҳсуб шуда, масъулони соҳаро водор месозад, ки ба раванди татбиқ ва сифати иҷрои барномаи мазкур таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Омӯзиш ва таҳқиқи раванди омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар даврони истиқлолият собит месозад, ки тавассути тадбирҳои муҳиму зарурии андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ вазъи таъмини муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мактаҳои олӣ ва корхонаю муассисаҳо бо кадрҳои илмӣ дар замони истиқлолият рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Масалан, тибқи маълумот, то замони истиқлолият дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 58 муассисаи илмӣ, аз ҷумла 13 мактаби олӣ, ба фаъолияти тадқиқотӣ машғул буданд. Дар ин давра шумораи умумии докторони илм 229 нафар (аз ҷумла, занҳо – 28 нафар) ва номзадҳои илм 3074 нафар (занҳо – 807 нафар)-ро ташкил медоданд. Имрӯз бошад, теъдоди мактабҳои олӣ дар ҷумҳурӣ тақрибан 48 ададро ташкил намуда, теъдоди донишҷӯён ба 214 ҳазор ва номзадҳои илм ба 5333 нафар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба давраи пеш аз истиқлолият 2263 нафар зиёд мебошад.
Тавре маълум аст, яке аз воситаҳои муҳими тайёр намудани кадрҳои илмӣ амалӣ намудани тадбирҳо тавассути фаъол намудани кор дар самти магистратура ва аспирантура мебошад. Бояд зикр намуд, ки то солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва унвонҷӯйӣ амалӣ карда мешуд, лекин теъдоди қабул ба аспирантура ва муассисаҳое, ки ҳуқуқи қабул барои аспирантураро доштанд, хеле маҳдуд буд. Масалан, дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10 муассиса барои қабул ба аспирантура ҳуқуқ доштанд, вале имрӯз бошад, теъдоди чунин муассисаҳо 24 ададро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби мактабҳои олӣ дар соли 1991 ҳамагӣ 4 мактаб ҳуқуқи қабул ба аспирантураро доштанд. Ҳоло бошад, дар 19 мактаби олии ҷумҳурӣ таҳсил дар аспирантура ба роҳ монда шудааст. Рақамҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз дар муқоиса ба замони то Истиқлоли давлатӣ барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ имкониятҳои бештар вуҷуд доранд.
Дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ зарурати таъсиси ниҳоди махсуси давлатӣ дар ҷумҳурӣ доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ пеш омад. Бо ин мақсад соли 2014 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) таъсис дода шуд, ки ин як иқдоми муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини аттестатсияи кадрҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бо таъсиси ин комиссия барои ҳимояи рисолаҳои диссертатсионии унвонҷӯёни муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ имкониятҳои васеъ фароҳам омад.
Мувофиқи ҳисоботи КОА, дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 89 шурои диссертатсионӣ фаъолият намуда, аз рӯйи 210 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳо баррасӣ мешаванд. Бояд зикр намуд, ки аз ин миқдор 70 шуро дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, 19-тои дигар дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар ВМКБ – 2 шуро, вилояти Хатлон – 7 ва вилояти Суғд – 10 шуро, фаъолият доранд, ки ин нишондод дар марҳилаи истиқлолият далели таҳкими заминаи кадрӣ ва зеҳнии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин, дар раванди ҳимояи диссертатсияҳо дар ҷумҳурӣ саҳми шуроҳои диссертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, назаррас буда, теъдоди онҳо дар соли сипаришуда 19 ададро ташкил медод. Аз ҷумла, дар шуроҳои мазкур дар ин давра 299 нафар, аз ҷумла 40 нафар рисолаи докторӣ, 217 нафар рисолаи номзадӣ ва 42 нафар рисолаи доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос, ҳимоя намудаанд, ки чунин раванд ҷиҳати бо олимони дорои дараҷаҳои илмӣ таъмин намудани муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
Тибқи ҳисоботи Вазорати маориф ва илм, дар маҷмуъ, то охири соли 2025 дар ҷумҳурӣ 6630 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1016 (15,32%) нафар доктори илм (аз ин 243 нафар занон (24%), 5333 нафар номзади илм ва 281 (4,2%) нафар доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Бояд зикр намуд, ки аз шумораи умумии номзадҳои илм ва докторони фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос 1684 (30 %)-ро занон ташкил медиҳанд.
Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки имрӯз масъалаи таъмини муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва дигар корхонаю ташкилотҳо бо кадрҳои илмӣ беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, барои омода намудани мутахассисони дорои дараҷаҳои илмӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар дар шароити Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Вобаста ба равандҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд, нақши илм ва иқтидори зеҳнӣ дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа мақоми хоса пайдо намуда, кишварҳои олам баҳри ҳифз, ташаккул ва рушди неруи ақлонӣ талош меварзанд. Таҷриба ва вазъи ҷаҳони муосир собит месозад, ки имрӯз илм бунёди амният, омили муҳими таъмини истиқлолу давлатдории миллӣ ва иқтидори иқтисодию ҳарбии ҳар як давлат маҳсуб мешавад, ки дар ин самт нақши ҳалкунанда, бешубҳа, ба дӯши кадрҳои илмӣ ва иқтидори зеҳнӣ вогузор мешавад.
Бинобар ин, талабот ва меъёрҳои зарурии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии ҷумҳурӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ тақозо мекунанд, ки масъалаи ҷалби ҷавонони боистеъдод ба соҳаи илм, тарбияи кадрҳои дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҷомеаи илмӣ, аз ҷумла муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва корхонаю ташкилотҳо, қарор дода шуда, бо ин васила, ҷиҳати таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Абдураҳмон ҚУРБОНОВ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор
Ҳамчунин дигар маводҳо:
