https://sadoimardum.tj

Ҷашни ифтихору сарфарозӣ

№:94 (5146), 11 авг 2026, 16:41
11

Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон Ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору сарфарозӣ истиқбол мегиранд. Истиқлолият барои ҳар як миллату давлат муқаддастарин арзиш ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолият ба миллат имконият медиҳад, ки роҳи мустақили давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ интихоб намояд.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи сарнавиштсоз бо ҳарфҳои заррин сабт аст, зеро дар ин рӯз мардуми тоҷик ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои давлату миллати мо давраи ниҳоят мураккаб ва пуртазод буданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисоди кишвар, сохтори давлатӣ ва ҳаёти мардум зарари ҷиддӣ расонд. Дар чунин шароити душвор масъа­лаи асосӣ ҳифзи давлат, таъмини сулҳу субот ва нигоҳ доштани ягонагии миллат буд.

Бо шарофати талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва, пеш аз ҳама, сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуда, ба роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагӣ қадам гузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 25-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид намудаанд: «Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин заминаи боэътимод фароҳам овардааст». Ин андеша моҳияти воқеии истиқлолиятро барои ҷомеаи Тоҷикистон ифода мекунад, зеро дар даврони истиқлолият асосҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сохторҳои давлатӣ такмил дода шуданд, низоми ҳуқуқӣ ташаккул ёфт ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кард.

Дар ҷойи дигар Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем». Ин суханон моро водор месозанд, ки Истиқлолиятро танҳо ҳамчун санаи таърихӣ не, балки ҳамчун масъулияти бузурги шаҳрвандӣ дар назди Ватан, миллат ва наслҳои оянда дарк намоем.

Дар тӯли 35 соли Истиқлолият Тоҷикис­тон роҳи пуршарафи давлатсозиро тай намуд. Дар ин давра пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфтанд, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва заминаҳои ҳуқуқии давлатдории муосир ташаккул ёфтанд, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ҳамчун муқаддасоти давлатӣ мақоми хос пайдо карданд, иқтисоди миллӣ рушд намуда, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ густариш ёфтанд, роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардиданд, мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ таҳким ёфт.

Пешвои миллат дар паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолият таъкид намудаанд, ки «Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил» мебошад. Ин таъкид моро ба як ҳақиқати муҳим мерасонад: соҳибистиқлол будан ҳам ҳуқуқ аст ва ҳам масъулият.

Имрӯз масъулияти ҳифзу таҳкими даст­овардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама, ба дӯши насли ҷавон гузошта мешавад. Ҷавонон бояд бо дониш, маърифат, касбият, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва муносибати масъулиятнок дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд. Мо бояд дарк намоем, ки Ватан танҳо бо сухан обод намешавад. Ҳар як корманд, ҳар як шаҳрванд бо меҳнати ҳалол, риояи қонун, масъулияти касбӣ ва муносибати созанда метавонад дар пешрафти кишвар саҳм гузорад.

Истиқлоли давлатӣ ба мо имкониятҳои бузург додааст, аммо ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина, Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки зарур аст ба қадри соҳиб­истиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат талош намоем.

35 соли Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик давраи муҳим ва таърихии давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Истиқлолият барои мо на танҳо як ҷашн, балки рамзи озодӣ, соҳиб­ихтиёрӣ, давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Биёед, ин неъмати бузургро қадр намоем, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳифз кунем ва бо меҳнати созанда барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми бештар гузорем. Тавре Пешвои миллат дар суханронии худ ба муносибати 25-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ифтихор таъкид намудаанд: «Халқи азизам! Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар як фарди ту бовар дорам!».

Ҷовид ФАЙЗМАМАДОВ,

мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои ҶСП «ДУШАНБЕ СИТИ БОНК»,

муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСП «ДУШАНБЕ СИТИ БОНК»

Ҳамчунин дигар маводҳо: