МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
АЗ ҚАСРИ АРБОБ ТО МИНБАРИ БАШАР
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат аз арзишмандтарин дастовардҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро он ба халқ имкон медиҳад, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб кунад. Барои миллати тоҷик истиқлолият танҳо як воқеаи сиёсӣ набуд, балки оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва бозгашт ба саҳнаи таърих ҳамчун соҳиби давлати соҳибихтиёр гардид.
Дар таърихи навини Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 1991 бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба яке аз субъектҳои мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз ормони ҳазорсолаи ниёгон буд, ки дар тӯли асрҳо барои ҳифзи забон, фарҳанг, тамаддун ва давлатдории худ мубориза бурда буданд. Бо ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият пайдо кард, ки арзишҳои миллии худро эҳё намояд, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мустақилро роҳандозӣ кунад ва барои таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон заминаҳои воқеӣ фароҳам оварад.
Бо вуҷуди аҳамияти бузурги истиқлолият, солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят вазнин ва пурпечутоб буданд. Фурӯпошии низоми иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, қатъ гардидани робитаҳои истеҳсолӣ, коҳиши истеҳсолот, афзоиши бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ ба иқтисодиёти кишвар зарбаи ҷиддӣ расониданд. Дар ҳамин шароити ҳассос нооромиҳои сиёсӣ ба миён омада, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин низои фоҷиабор, ки солҳои 1992–1997 идома кард, боиси талафоти зиёди ҷонӣ, муҳоҷирати садҳо ҳазор шаҳрванд, хароб гардидани инфрасохтор ва суст шудани тамоми бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ гардид. Он солҳо барои миллати тоҷик давраи имтиҳони воқеии таърих буданд, аммо дар ҳамин давраи душвор эҳсоси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва иродаи мардум барои ҳифзи давлатдории навин қавитар гардид. Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардид, бо Раиси Шурои Олӣ – Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии барқарор намудани сохти конститутсионӣ гузошта шуданд. Аз ин рӯ, имрӯз бисёре аз муҳаққиқон ин иҷлосияро оғози марҳилаи нави давлатсозии Тоҷикистон меноманд, зеро маҳз дар ин анҷумани тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб гардиданд ва ин абармард самтҳои асосии барқарорсозии давлатро муайян намуда, тадбирҳои нахустинро барои таъмини сулҳу субот рӯйи даст гирифтанд ва эълом доштанд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам».
Ҳамин тариқ, музокироти сулҳ оғоз гардид ва баъди чандин даври гуфтушунид 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ на танҳо ба низои мусаллаҳона хотима бахшид, балки барои ташаккули ҷомеаи демократӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи давлат заминаи устувор гузошт. Аз ҳамон рӯз сар карда, Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи созандагӣ, ободонӣ ва рушди устувор ворид шуд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот марҳилаи нави рушди Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар навбати аввал таваҷҷуҳи давлат ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, эҳёи иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона гардид. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили қонунгузорӣ, таъсиси низоми нави идоракунии давлатӣ ва ташкили институтҳои иқтисоди бозорӣ барои рушди минбаъдаи мамлакат замина гузоштанд. Ҳамзамон, сиёсати «дарҳои кушод» дар муносибатҳои байналмилалӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои густурда ба роҳ монад. Дар ҳамин давра кишвар ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои бонуфуз пазируфта шуд ва дар таҳкими фаъолияти онҳо фаъолона саҳм гузошта, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан мустаҳкам намуд.
Аз ибтидои солҳои 2000 Тоҷикистон тадриҷан аз марҳилаи барқарорсозӣ ба марҳилаи рушди босуръат гузашт. Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ рушди инфрасохтори нақлиётӣ гардид. Кишваре, ки беш аз навад фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, солҳои зиёд бо мушкилоти роҳу нақлиёт рӯ ба рӯ буд. Бо истифода аз маблағгузории давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ даҳҳо нақб, садҳо километр роҳҳои байналмилалӣ ва пулҳои замонавӣ сохта шуданд. Нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон» ва «Чормағзак» имконият доданд, ки робитаи тамоми минтақаҳои кишвар дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин гардад. Ҳамзамон, сохтмони пулҳо дар сарҳади Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя имкониятҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро фароҳам овард ва Тоҷикистонро ба яке аз ҳалқаҳои муҳими шабакаҳои нақлиётии минтақа табдил дод.
Бо рушди инфрасохтор масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ низ ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат табдил ёфт. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, истифодаи самараноки ин иқтидорро ҳамчун яке аз заминаҳои рушди устувори иқтисодӣ муайян намуд. Дар ин самт татбиқи даҳҳо лоиҳаи энергетикӣ оғоз гардида, неругоҳҳои амалкунанда таҷдиду навсозӣ шуданд ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба яке аз бузургтарин тарҳҳои миллӣ мубаддал гардид. Ба истифода дода шудани агрегатҳои аввали ин неругоҳ нишон дод, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ҳаракат дорад. Имрӯз энергетика на танҳо яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ, балки омили муҳими таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар баробари рушди энергетика сиёсати иқтисодии мамлакат ба диверсификатсияи истеҳсолот, дастгирии соҳибкории хусусӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ равона гардид. Дар давоми солҳои истиқлолият садҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шуданд ва барои рушди соҳибкории хурду миёна заминаҳои мусоид фароҳам омаданд. Агар солҳои аввали истиқлолият иқтисоди кишвар асосан ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ такя мекард, имрӯз сохтори иқтисод тадриҷан гуногунсамт гардида, ҳиссаи саноат, хизматрасонӣ ва технологияҳои нав рӯ ба афзоиш овардааст. Эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар марҳилаи нави рушди иқтисодиро оғоз намуд. Дар бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, дорусозӣ ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз карданд, ки ин раванд ба таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор мусоидат намуд.
Кишоварзӣ низ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат боқӣ монд. Ислоҳоти замин, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, беҳтар намудани шабакаҳои обёрӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир имконият доданд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадриҷан афзоиш ёбад. Таъмини амнияти озуқаворӣ ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар табдил ёфт ва дар ин самт барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Имрӯз Тоҷикистон дар истеҳсоли бисёр навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида, ҳамзамон, рушди боғдорӣ, токпарварӣ ва гармхонаҳоро густариш медиҳад.
Рушди иқтисодӣ бе рушди сармояи инсонӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, дар тамоми давраи истиқлолият ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бисёр муассисаҳои таълимӣ ба таъмиру навсозӣ эҳтиёҷ доштанд, имрӯз дар саросари мамлакат ҳазорҳо муассисаи нави таълимӣ сохта ва таҷдид шудааст. Таъмини мактабҳо бо таҷҳизоти муосир, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ нишон медиҳад, ки давлат рушди илм ва маорифро ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа арзёбӣ менамояд.
Ҳазорон нафар ҷавонони тоҷик тавассути барномаҳои давлатӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ таҳсил намуда, имрӯз дар рушди иқтисод, илм ва идоракунии давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ин раванд илми ватанӣ низ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ тадқиқотҳои худро дар самтҳои гуногун густариш дода, масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, истифодаи захираҳои табиӣ, энергетика, кишоварзӣ, технологияҳои нав, омӯзиши пиряхҳо ва тағйирёбии иқлимро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Хусусан дар солҳои охир, бо ташаббуси Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши криосфера ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфта, олимони тоҷик дар татбиқи барномаҳои илмии байналмилалӣ фаъолона иштирок доранд.
Дар баробари рушди маориф ва илм, соҳаи тандурустӣ низ тағйироти куллиро аз сар гузаронд. Дар давоми солҳои истиқлолият садҳо муассисаи тиббӣ ва ташхисию табобатӣ бунёду таҷдид гардиданд.
Дар баробари пешрафтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ солҳои истиқлолият барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа низ аҳамияти сарнавиштсоз доштанд. Миллати тоҷик, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби тамаддуни ғанӣ ва фарҳанги воло буда, дар рушди илму адаби ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст, маҳз дар даврони истиқлолият имконияти воқеӣ пайдо намуд, ки ин анъанаро эҳё созад ва густариш диҳад. Ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи миллат, эҳёи ёдгориҳои таърихӣ, мероси фарҳангӣ, расму оинҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим гузоштанд. Наврӯз, ки аз қадимтарин оинҳои мардумони ориёинажод ба ҳисоб меравад, бо талошҳои муштараки Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардида, имрӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Ин дастовард на танҳо муаррифии фарҳанги тоҷик, балки саҳми Тоҷикистон дар таҳкими гуфтугӯи тамаддунҳо ва дӯстии халқҳоро боз ҳам густариш дод.
Дар ин давра ба рушди варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Бунёди майдонҳои варзиш, маҷмааҳои муосир ва марказҳои омодасозии варзишгарон имконият дод, ки ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштироки фаъол дошта бошанд. Пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамониҳои ҷаҳон ва Осиё боиси ифтихори миллӣ гардида, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Ҳамзамон, қабули барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон, рушди ҳаракати ихтиёрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар идоракунии давлатӣ нишон дод, ки давлат ҷавононро ҳамчун неруи асосии пешрафти ҷомеа мешиносад.
Дар давоми солҳои истиқлолият Тоҷикистон тавонист сиёсати хориҷии мутавозин ва созандаро ба роҳ монад. Агар дар оғози солҳои навадум кишвар асосан ба ҳалли масъалаҳои дохилӣ машғул буд, баъд аз барқарор гардидани сулҳу субот тадриҷан ба иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Имрӯз Тоҷикистон бо аксари давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Сиёсати «дарҳои кушод» барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар татбиқи даҳҳо лоиҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муассир гузоштанд.
Бо гузашти вақт Тоҷикистон аз кишвари қабулкунандаи кумакҳои байналмилалӣ тадриҷан ба давлате табдил ёфт, ки дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ташаббусҳои муҳим пешниҳод мекунад. Махсусан, дар соҳаи захираҳои об кишвар тавонист яке аз пешсафони дипломатияи байналмилалӣ гардад. Пешниҳод ва қабули як қатор ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва дигар иқдомҳо нишон доданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои об эътироф менамояд. Ин ташаббусҳо на танҳо барои таҳкими нуфузи байналмилалии мамлакат мусоидат карданд, балки саҳми Тоҷикистонро дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид низ назаррас гардониданд.
Дар солҳои охир яке аз самтҳои меҳварии сиёсати байналмилалии Тоҷикистон ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст. Тоҷикистон, ки беш аз ҳама таъсири обшавии босуръати пиряхҳоро эҳсос мекунад, ин масъаларо аз сатҳи миллӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард. Обшавии пиряхҳо на танҳо ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ, балки ба амнияти озуқаворӣ, энергетика, рушди иқтисодӣ ва зиндагии миллионҳо нафар аҳолии минтақа таъсири мустақим мерасонад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастгирии васеъ пазируфта шуданд. Қабули қатъномаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ҳамчунин, муайян гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва оғози «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025–2034)» аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 собит намуд, ки Тоҷикистон имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва захираҳои об табдил ёфтааст.
Ин дастовардҳо натиҷаи табиии роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият мебошанд. Давлате, ки дар ибтидои солҳои навадум барои ҳифзи ҳастии худ мубориза мебурд, имрӯз дар ҳаллу фасли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ саҳм мегузорад. Ин дигаргунӣ нишон медиҳад, ки истиқлолият барои Тоҷикистон танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ набуда, балки имкони воқеии рушди ҳамаҷониба, таҳкими давлатдорӣ ва болоравии мақоми байналмилалӣ аст.
Дар тӯли сию панҷ соли Истиқлолият Тоҷикистон роҳи пурпечутоб, вале пурифтихореро тай намуд. Агар дар оғози солҳои навадум масъалаи асосӣ ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва пешгирии парокандашавии кишвар буд, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ин дигаргунӣ дар як рӯз ё як сол ба даст наомадааст. Он самараи заҳмати шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми Тоҷикистон, сиёсати созандаи давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истифодаи дурусти имкониятҳои истиқлолият мебошад.
Қабули ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар доираи Созмони Милали Муттаҳид идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи кишвар мебошад. Ин ташаббус бозгӯи эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди ғояҳои сулҳ, муколамаи созанда ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон бо эътимоди комил ба оянда менигарад. Бунёди иншооти бузурги стратегӣ, рушди соҳаи саноат, муосиргардонии инфрасохтор, густариши шабакаи нақлиётӣ, болоравии сатҳи маориф ва тандурустӣ, рушди илму фарҳанг ва иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки мамлакат ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардидааст. Ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардаанд.
Сию панҷ соли Истиқлолият собит намуд, ки барои миллати тоҷик истиқлолият танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши бузурги миллӣ, рамзи озодӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва пешрафт мебошад. Дар ин давра Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз озмоишҳои сангини таърих гузарад, давлатдории худро таҳким бахшад, иқтисодиёти худро тадриҷан рушд диҳад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор пайдо намояд. Аз ин рӯ, имрӯз номи Тоҷикистон на танҳо бо кӯҳҳои сарбафалаккашида ва захираҳои бузурги обӣ, балки бо ташаббусҳои созандаи байналмилалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ пайванд мехӯрад. Ин ҳама нишонаи он аст, ки Тоҷикистон аз иштирокчии одии равандҳои ҷаҳонӣ ба яке аз ташаббускорони масъалаҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо фурсати арзёбии роҳи тайшуда, балки имконияти муайян намудани вазифаҳои оянда низ мебошад. Истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо мероси гузашта нест, балки масъулияти бузург дар назди имрӯзиён ва ояндагон аст. Ҳар як насли нав бояд ин неъмати бебаҳоро ҳифз намояд, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.
А.З. САДИРДИНОВ,
ходими илмии шуъбаи гидрометеорология ва тағйирёбии иқлими Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
