https://sadoimardum.tj

Рисолати худро дуруст анҷом диҳем

№:96 (5147), 17 авг 2026, 17:44
0

Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё аз тариқи зӯрӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот муборизаро дар ин самт минбаъд низ пурзӯр намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигарро қабул намуд. Дар доираи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳазорҳо чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҷониби субъектҳои дахлдор амалӣ гардид, ки дар пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда саҳм гузоштанд. Дар ин самт нақши мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати муқовимат ба экстремизм ва терроризм, мубориза бар зидди созмонҳои фаромиллии ифротӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ бориз мебошад.

Вале, новобаста аз татбиқ намудани чорабиниҳои мушаххас аз тарафи мақомоти дахлдор, ҳоло ҳам бархе аз ҷавонон гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгаро мегарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳо ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террорис­тӣ ҷалб ва шомил гардидаанд. Тавре таҷриба нишон медиҳад, афкори ифротии ин гуна ташкилот барои мардуми тоҷик бегона буда, асосан, аз хориҷи кишвар таҳмил мешаванд. Аз ҷумла, гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ва аъзои фаъоли онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ даҳҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнинро содир карда, ҳадафи асосиашон ноором сохтани авзои сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионию ғасби ҳокимият мебошад.

Сарфи назар аз тақвияти фаъолияти субъектони таблиғотию фаҳмондадиҳии кишвар, ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои махсусе ҳастанд, ки ба таври озод дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ андешаҳои экстремистии худро паҳн намуда, ба руҳия ва мафкураи махсусан ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд ва онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд.

Аз ин рӯ, бо назардошти чунин хатарҳои фазои маҷозӣ ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсию равонӣ устувор ва таъсирнопазир бошанд ва зудбовару фирефта нашаванд. Ҳушёру зирак ва мафкураи таҳлилӣ дошта бошанд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ, дар асл, мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад».

Воқеан, истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдат барои мо вожа ё калимаҳои одӣ нестанд, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва, муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон мебошанд. Ягонагӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти миллати мо, бахусус ҷавонон, ҳифзи истиқлолият, марзу буми Ватан, таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳоямон мебошад. Мо бояд Ватани худро самимона дӯст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем.

Суруш ШАРИФЗОДА,

коромӯзи прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Ҳамчунин дигар маводҳо: