https://sadoimardum.tj

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ

№:96 (5147), 17 авг 2026, 17:52
3

Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 15-16 августи соли равон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар он паҳлавонони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон дар 9 вазн - 6 вазн байни мардон ва 3 вазн байни занон - барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ рақобат намуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ соҳиби 12 медал - 5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардид. Медалҳои тиллоии Тоҷикистонро Муҳаммад Салимов дар вазни то 65 кг, Абдуллои Ориф дар вазни то 71 кг, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 78 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 95 кг ба даст оварданд.

Дар вазнҳои то 71 кг Умар Шеров, то 78 кг Қоим Шукронов ва дар вазни беш аз 95 кг Шарифҷон Назриев соҳиби медалҳои нуқра шуданд.

Медалҳои биринҷиро Ёсин Бобокалонов дар вазни то 65 кг, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кг, Акмал Муродов дар вазни то 95 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 95 кг ба даст оварданд.

Ба ғолибони ҷойи якум 20 ҳазор доллари ИМА, ба барандагони медали нуқра 10 ҳазор доллар ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 5 ҳазор доллари ИМА тақдим шуд.

Дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ идомаи муваффақонаи аввалин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дар ин риштаи варзиш ба шумор меравад. Чемпионати якуми ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ 28-31 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок карда буданд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: