https://sadoimardum.tj

НОМАҲОИ БЕТАҲРИР

Чаро баъзе омӯзгорон аз имтиёзҳои худ бархӯрдор нестанд?

№:97 (5148), 20 авг 2026, 17:10
0

Гузаштагони мо ба омӯзгор эҳтироми хоса доштанд, мақому манзалаташро ба ҷо меоварданд ва ин анъана то кунун идома дорад. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» (3 майи соли 2006, №197) ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» (17 декабри соли 2025) далели равшани ин гуфтаҳост. Агар муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон ба хотири дастгирии иҷтимоию беҳбуди зиндагонии онҳо нигаронида шуда бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҷойгоҳи ҳуқуқӣ, ҳифзи шаъну шараф, кафолатҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти касбии омӯзгоронро дар кишвар танзим менамояд.

Аммо, мутаассифона, баъзан дар навоҳии кишвар ба ин масъалаи муҳим чандон аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад, аз ҷумла дар деҳоти шаҳри Истаравшан. Ҳоло масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон дар деҳоти Истаравшан, аз ҷумла баъзан сари вақт пардохт нагардидани маош ва аз хизматрасонии тиббии ройгон бархӯрдор набудани онҳо, нигаронкунанда боқӣ мемонад. Таъмин нагардидани омӯзгорон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ бошад, мушкили асосӣ аст, зеро ба ин сабаб баъзе омӯзгорон фаъолияти педагогии худро тарк карданд.

Агар омӯзгор соҳиби замин шавад ҳам, солҳо такудав, сарсонию саргардонии зиёд менамояд. Масалан, ҳамкори мо омӯзгор Ғафурӣ Фатҳулло баъди талошҳои беш аз ҳафтсола соҳиби замин барои бун­ёди хона шуд. Банда, ҳамчун омӯзгори ҷавон, зиёда ҳафт сол мешавад, ки барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ такудав дорам, вале муроҷиати пай дар пайи ман ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дигар идораҳои марбута ҳанӯз ҳам бе натиҷа мондаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки омӯзгорони ҷавони эҳтиёҷмандро дар нав­бати аввал бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намоянд.

Тибқи банди 4 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», давлат ба омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, ташкили шароити заруриро кафолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор аст, ки дар доираи имконият ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ ва иҷораи манзили истиқоматӣ таъмин намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ карда, барои ба онҳо бе навбат ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ чораандешӣ намоянд.

Омӯзгор ояндасоз аст. На танҳо аз роҳи илм, балки тавассути одобу ахлоқи ҳамида ояндаи шогирдонро мунаввар месозад. Хурофоту ҷаҳолатро дур намуда, инсонҳои комилу ватандӯстро ба воя мерасонад. Умуман, сарчашмаи ҳама пешравиҳо, рушду тараққиёт, ободиву сарсабзӣ ва созандагӣ аз сабақҳои омӯзгор ибтидо мегирад. Вале дар сурати расидагӣ накардан ба мушкилоташон ва ба назар нагирифтани имтиёз­ҳояшон омӯзгорон маҷбур мешаванд тарки пеша кунанд, ки ин барои ҷомеа чандон паёмади хубе надорад. Умедворем бо дарки ин ҳақиқат ва масъулияти ба зиммадоштаашон масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар соли нави хониш имтиёзҳои мо - омӯзгорони ҷавонро ба назар гирифта, пайи ҳаллу фасли мушкилотамон мешаванд.

Шерзод КОМИЛӢ,

омӯзгор аз шаҳри Истаравшан

Ҳамчунин дигар маводҳо: