https://sadoimardum.tj

Ҳуқуқҳои кӯдакон ва уҳдадории волидон кадоманд?

02 июн 2025, 16:57
4

Кӯдакон ояндаи ҷомеа буда, солимии миллат аз чӣ гуна тарбия ёфтани онҳо вобастагӣ дорад. Нахустин ҳуҷҷати байналмилалии вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон қабули Эъломияи Женева аз 26-уми ноябри соли 1924 аз ҷониби Лигаи миллатҳо мебошад.

Пас аз анҷоми Ҷанги якуми ҷаҳон соли 1925 Конфронси ҷаҳонии занон оид ба некуаҳволии кӯдакон дар шаҳри Женева (Швейтсария) ба ҳукуматҳои кишварҳо пешниҳод намуд, ки ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон таҷлил шавад. Ҳамон сол дар Мексика, соли 1927 дар Туркия ва соли 1931 дар Венгрия бори аввал санаи мазкур ҷашн гирифта шуд.

Моҳи ноябри соли 1949 дар сессияи махсуси Федератсияи байналмилалии демократии занон дар хусуси таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қарор қабул гардид. Қарори мазкурро Созмони Милали Муттаҳид, ки нав таъсис ёфта буд, ҷонибдорӣ намуд ва аз соли 1950 Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар бисёр кишварҳо ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1959 аз ҷониби СММ Эъломияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба тасвиб расид, ки ҳуқуқи кӯдакон ба ҳаёт, ҳифозат аз зӯроварӣ, ғамхории давлат дар бораи ояндаи босаодати кӯдакон асоси ин санадро ташкил медод. Баъд аз 20 соли қабули санади мазкур, соли 1979, «Соли байналмилалии ҳифзи кӯдак» эълон гардид. Соли 1989 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул шуд.

Ҳоло кӯдакон дар задухӯрди низомӣ қурбон мешаванд, дар баъзе кишварҳо ба ғизои солим дастрасӣ надоранд, кумаки тиббӣ гирифта наметавонанд, имкони таҳсил надоранд, аз ғамхории падару модар ва сарпарастон маҳруманд. Агар дар баъзе мамолики Осиё ва Африқо кӯдакон аз гуруснагӣ, норасоии ёрии тиббӣ, набудани имкони таҳсил ранҷ кашанд, дар кишварҳои Аврупо ва Амрико бо таъсири интернет ва телевизион афзудани ҳолатҳои агрессия, тамокукашӣ, дилбастагӣ ба машрубот, худкушӣ ба мушкилоти бузург табдил ёфтааст. Дар бисёр кишварҳо аз сабаби бадмастӣ ва нашъамандии падару модарон теъдоди фарзандони бесаробонмонда меафзояд. Аз сабаби дар оилаи носолим ба воя расидан теъдоди кӯдакони аз ҷиҳати равонӣ носолим сол то сол меафзояд, ки ин ҳам боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.

Бо мақсади пешгирӣ ва рафъи чунин мушкилот дар бисёр кишварҳо қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон қабул гардидааст. Аз ҷумла, дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул шуд, ки он муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар ­руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.

Тибқи талаботи моддаи 16 қонуни мазкур падару модар уҳдадоранд, ки ба кӯдак номи хуб гузоранд, барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд, кӯдакро ба зиндагии мустақилона омода на­моянд, дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила ва урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин, бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд. Илова бар ин, баҳри рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд. 

Инчунин, волидайн уҳдадоранд, ки кӯдакро дар руҳияи сарфаю сариштакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба молу мулк ва арзишҳои дигар тарбия намоянд.

Баъзе падару модарон гумон мекунанд, ки нисбат ба кӯдак аз ҳад зиёд сахтгир будан гӯё ба тарбияи хуби ӯ мусоидат мекарда бошад. Дар бандҳои 8, 9 ва 10 моддаи зикршуда омадааст, ки падару модар уҳдадоранд шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд, новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон, нисбат ба онҳо муносибати баробар дошта бошанд.

Дар қонуни зикршуда баъзе маҳдудият низ пешбинӣ шудаанд, ки барои таъмини ояндаи неки кӯдак нигаронида шудааст. Чунончӣ, дар бандҳои 12, 13, 14, 15,16, 17 моддаи 16 қонуни мазкур таъкид шудааст, ки падару модар уҳдадоранд ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд, гаштугузори кӯдаки то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд, аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд, бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд.

Чун машғулият дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба итмом расида, таътили тобистонаи мактаббачагон фаро расидааст, масъулияти падару модарон бештар мегардад.

Дар бандҳои 19, 20 ва 21 моддаи зикршуда муқаррар шудааст, ки падару модар ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд, аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд, ба кӯдак мутолиа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла, тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд, ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқӣ кӯдак роҳ надиҳанд.

Дар маҷмуъ, қонуни мазкур ба манфиати кӯдакон, волидайни онҳо, инчунин, тамоми ҷомеа нигаронида шудааст ва ҳар яки моро зарур аст, ки бо назардошти талаботи қонуни мазкур дар иҷрои масъулияту уҳдадориҳоямон кӯшиши бештар ба харҷ диҳем. 

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: