Сарфакорӣ масъулияти шаҳрвандист
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 марти соли 2025 дар маҷлиси Ҳукумати кишвар аз ҳолатҳои истифодаи ғайрисамаранок ва талафоти зиёди неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ ва таъкид карданд, ки истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он бояд ба таври қатъӣ ҷилавгирӣ шуда, чунин кирдорҳо ҷиноят ҳисобида шаванд. Бо назардошти ҳалли ин масъала лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва мавриди амал қарор гирифт. Мувофиқи тағйироти мазкур барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.
Инчунин, барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.
Ҳар фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ на танҳо кам кардани хароҷот, балки далели маданияти волои шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аст. Пардохти саривақтии ҳаққи барқ ва истифодаи лампаҳои каммасраф идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷорӣ намудани низоми электронии ҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқ, инчунин, тадбирҳои муосири назоратиро амалӣ менамояд. Низоми навсозишудаи баҳисобгирӣ ва идоракунии соҳаи энергетика ба коҳиш ёфтани талафоти неру ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ мусоидат намуда истодааст. Таъсиси Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин равандро тавсеа хоҳад бахшид.
Масъулини ҶСК «Барқи Тоҷик» зимни суҳбат иброз доштанд, ки истифодаи оқилонаи неруи барқ ва кам кардани талафоти он яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад. «Ҳамеша ба муштариён таъкид мекунем, ки сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ, пеш аз ҳама, ба манфиати истеъмолкунандагон аст. Ҳадаф на танҳо ҷилавгирӣ аз истифодаи ғайриқонунӣ ва талафоти техникӣ, балки баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва ташаккули сарфакорӣ мебошад. Сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса бо 10-20 соли пешин ба таври чашмрас беҳтар гардида, имрӯз қариб дар ҳар хонадон навъҳои зиёди таҷҳизоти замонавии барқии рӯзгор истифода мешаванд. «Ин асбобҳо қувваи барқ талаб мекунанд ва зарур аст, ки мардум маданияти истифодаи барқро дуруст дарк намоянд. Мо бояд дарк намоем, ки бо беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагӣ масъулияти ҳар яки мо дар истифодаи барқ низ дучанд мешавад», - таъкид намуданд мутахассисони соҳа.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, болоравии талабот ба энергия ва рушди саноату инфрасохтор ҳар як киловатт/соати барқи сарфашуда метавонад барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ таъсиргузор бошад. Биёед, бо фарҳанги баланди шаҳрвандӣ дар татбиқи ин ҳадафи стратегӣ саҳмгузор шавем.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





