Ифтитоҳи фосилавии бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Левакант
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро ифтитоҳ намуданд.
Бинои нав дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва як толори маҷлисӣ бо 45 ҷойи нишаст мебошад.
Дар бино шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, бахши баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.
Дар бинои нозироти андози шаҳр барои фаъолияти 15 нафар корманд шароити муосири корӣ фароҳам оварда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои тозабунёд таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки бо мардум ҳамкории зич ва муомилаи хуб дошта бошанд.
Бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бо ҳадафи фароҳамсозии шароити муносиби таълим ва зиёд намудани имкониятҳои қабули хонандагон бунёд гардидааст.
Бино барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 400 хонанда пешбинӣ шудааст.
Сохтмони бино бо саҳми сокинони саховатпешаи маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд амалӣ гардидааст.
Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи барҳаво ташкил шудааст. Синфхонаҳо бо дарназардошти талаботи имрӯза барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла биология, математика ва технологияи иттилоотӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 30 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
