https://sadoimardum.tj

ИСТИҚЛОЛ

№:102 (5154), 31 авг 2026, 16:49
8

Истиқлол!

Мурғи оташбол,

Паровар гаштаӣ аз лахчаи армони ин миллат,

Шукуфо гаштаӣ дар боғсори ҷони ин миллат.

Истиқлол!

Мурғи фаррухфол!

Паровар шав, ки боли туст боли номи ин миллат,

Паровар шав, ки боли ту ливои боми ин миллат.

Ливои ишқу озодӣ,

Ливои пайки ободӣ.

***

Садое мерасад бар гӯш,

Садои тир,

Садое аз камони паҳлавон Ораш.

На!

Балки ин садои тири Ораш нест,

Садои шӯру исён аст,

Барои ин Ватан умре садои додани ҷон аст.

Биё, боре садои набзи ин хоки куҳан бишнав,

Ки аз он мерасад пайғоми гурзи Рустами Дастон,

Ки мекӯбад ба фарқи аҳриман ҳар бор,

Нагардад то Ватан аз хуни мо монанди лоластон.

Бубин бар мавҷҳои саркаши Сайҳун,

Ки руҳи тоҷики ман мекунад исён

Ва бо Темурмалик он гурди фаррухпай,

Биҷангад то абад бо душмани бадкораи инсон.

Бубин, эй мурғи фаррухфол!

Ки ман бо устухони ҷони худ истодаам подор.

Ба рӯи ман бикаш он сояи боли саодатро,

Бибахшо лаззати ишқу ибодатро,

Ки ман ганҷури садҳо маъниям дар дафтари асрор.

Ва инак сояи боли туро эҳсос месозам

Ва чун Исмоили Сомонӣ мехезам зи гӯри хеш

Ва девори Бухорои вуҷудамро

Ба санги хораи ҷонам зи дигар мекунам таъмир

Ва ҳастии навинамро зи дигар мекунам таъбир.

***

Истиқлол!

Ту танҳо вожа не, бал хунӣ дар рагҳои ҳар тоҷик,

Ҳамон хуне, ки дар шарёни ҳар як шери кӯҳистон

Ба мисли оташе ҷорист.

Ҳамон хуне, ки рамзи лоларӯиҳост

Ба Хатлону Бадахшон, Суғду Раштон,

То қиёми зиндагӣ пояндаву ҷорист!

Истиқлол!

Мурғи оташбол!

Садои аввалину охирини ман,

Ки ҳастам бо ту ман хушбахт,

Ки ҳастам бо ту фаррухфол!

ВОРИС

Ҳамчунин дигар маводҳо: