Ҳамоиши муҳим дар Маҷлиси намояндагон
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ, бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ва ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода оид ба аҳамияти бунёди Конун - Маркази тамаддуни ориёӣ, Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» ҳамоиши муҳим баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (16.12.2025) масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси таърихӣ ва эҳёи арзишҳои тамаддунии ниёгон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ зикр гардидааст. «Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Миллате, ки таърихи худро намедонад, ояндаи устувор дошта наметавонад». Маҳз дар ҳамин замина, пешниҳоди таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе иқдоми таърихӣ ва дорои аҳамияти стратегӣ аст», - гуфт М. Муинӣ.
Таъкид шуд, ки бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат барои муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, омӯзишу ҳифзи мероси тамаддуни ориёӣ ва муаррифии шоистаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз аҳамияти махсус дорад. Ин иқдом, ҳамзамон, метавонад барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, муаррифии мероси моддию маънавии халқи тоҷик ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг заминаи мусоид фароҳам орад.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид. Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод шуда, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон ҷонибдорӣ ёфт.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
