Тоҷикистони соҳибистиқлол
Кишваре шоистаи зиндагӣ
Истиқлол барои ҳар миллат танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ ва ҳуқуқи мустақилона муайян намудани сарнавишти хеш нест. Истиқлол, пеш аз ҳама, имкони сохтани давлат, обод кардани Ватан, таҳкими пояҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани кишваре шоистаи зиндагӣ мебошад. Ба ин маъно, 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон на танҳо як марҳалаи муҳиму сарнавиштсози таърихи навини давлатдории тоҷикон, балки давраи эҳёи миллӣ, давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ арзёбӣ кард, ки дар меҳвари ин марҳилаи таърихӣ, пеш аз ҳама, сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Фалсафаи давлатсозии даврони истиқлолро метавон дар як мафҳуми фарогир ҷамъбаст кард: созандагӣ барои инсон ва ба хотири фардои дурахшони миллат.
Ташаббусҳои Пешвои миллат танҳо ба ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд намемонанд. Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ низ чун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва сулҳу субот шинохта шудааст. Ин ташаббусҳо, дар асл, идомаи ҳамон фарҳанги созандагие мебошанд, ки Тоҷикистон онро дар дохили кишвар пайгирона амалӣ менамояд, яъне ҳифзи ҳаёт, муҳити зист, сулҳ ва фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ барои инсон. Ҳатто рамзи расмии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳамин фалсафаро ба таври рамзӣ таҷассум мекунад. Дар он роҳ, нақб ва неругоҳ ҳамчун нишонаҳои дастовардҳои даврони истиқлол ва об, пиряхҳо, дарахтон ва сабзазор ҳамчун ишора ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ҷой гирифтаанд. Аз ин рӯ, вақте мо имрӯз аз 35 соли созандагӣ сухан мегӯем, бояд онро васеътар аз шумораи биноҳои сохташуда, роҳҳои нав, корхонаҳо ва иншооти иҷтимоӣ дарк намоем.
Имрӯз, дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ба роҳи тайкардаи кишвар назар афканем, яке аз дастовардҳои барҷастаи ин даврони таърихӣ раванди бесобиқаи ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ мебошад. Дар сеюним даҳсола Тоҷикистон аз марҳалаҳои ниҳоят мураккаби давлатсозӣ гузашта, тадриҷан ба як кишвари дорои инфрасохтори муосир, шаҳру деҳоти ободу зебо, роҳҳои нав, иншооти энергетикӣ, муассисаҳои замонавии маорифу тандурустӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои нави хизматрасонӣ табдил ёфт. Ин дигаргунӣ танҳо тағйири симои зоҳирии мамлакат нест. Дар пасманзари ҳар роҳ, мактаб, беморхона, корхона, донишгоҳ, майдон, боғ ва иншооти нав як андешаи бузург меистад: давлате, ки барои оянда месозад, ба фардои дурахшони миллаташ боварии комил дорад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи санҷишҳои сахт буд. Давлат бояд дар шароити мураккаби сиёсиву иқтисодӣ на танҳо пояҳои давлатдории навро таҳким мебахшид, балки низоми иҷтимоӣ ва иқтисодиро низ барқарор мекард. Таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ барои фароҳам овардани заминаи созандагӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт. Бо барқарор гардидани сулҳу субот неруи ҷомеа тадриҷан аз муқовимату нооромӣ ба меҳнати созанда, аз ҳалли мушкилоти рӯзмарра ба сохтани оянда равона гардид. Аз ҳамин нуқтаи назар, таърихи 35 соли Истиқлолро метавон таърихи барқарорсозӣ, бунёдкорӣ ва навсозии кишвар номид. Дар ин давра роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва нақбҳо сохта шуданд, шабакаҳои энергетикӣ бунёд гардид, иншооти бузурги истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуданд, шаҳру деҳаҳо симои нав гирифтанд ва дар ҳар гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои иҷтимоии зиёде бунёд шуданд.
Албатта, рушди воқеии кишварро танҳо бо шумораи биноҳо чен кардан дуруст нест. Арзиши аслии созандагӣ дар он аст, ки иншооти бунёдшуда то кадом андоза ба зиндагии мардум таъсири мусбат мерасонанд, ҷойи кор фароҳам меоранд, сатҳи хизматрасониро баланд мебардоранд ва барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ замина мегузоранд. Маҳз ҳамин нигоҳ ба мафҳуми ободонӣ онро аз як маъракаи муваққатӣ ба сиёсати дарозмуддати рушди миллӣ табдил медиҳад. Ин аст, ки имрӯз натиҷаи корҳои созандагиро дар ҳар гӯшаву канори кишвари маҳбубамон метавон мушоҳида кард. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар панҷ соли охир 35 ҳазору 300 иншоот бунёд гардид. Ҷолиби диққат аст, ки зиёда аз 70 фоизи онҳо бо саҳми соҳибкорон ва шаҳрвандон бунёд шудаанд. Ин рақамҳо як ҳақиқати муҳимро нишон медиҳанд: сокинони худшиносу меҳнатдӯсти кишвар дарк намудаанд, ки обод кардани Ватан танҳо вазифаи давлат нест, он масъулияти умумимиллӣ мебошад. Ҳар соҳибкоре, ки корхона сохт, ҳар сокине, ки хонаи худро обод кард, ҳар омӯзгоре, ки дар тарбияи насли созанда саҳм гузошт, ҳар муҳандисе, ки иншооти нав тарҳрезӣ кард ва ҳар корманде, ки муҳити кории худро тозаву озода нигоҳ дошт, дар асл, дар сохтмони Тоҷикистон саҳм гузошт.
Мафҳуми «ободонӣ» дар фарҳанги миллии мо маънои амиқ дорад. Ободонӣ танҳо девор бардоштан, роҳ сохтан ё қомат афрохтани бино нест. Ободонӣ, пеш аз ҳама, фарҳанги муносибат ба Ватан аст. Ватанро танҳо бо шиор дӯст доштан мумкин нест. Муҳаббат ба Ватан бояд дар амал бошад: дар муносибати масъулиятнок ба меҳнат, ҳифзи моликияти давлатӣ, сарфакорона истифода бурдани захираҳо, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, эҳтиром ба қонун ва талош барои беҳтар кардани муҳити зиндагӣ. Як боғро метавон дар чанд моҳ бунёд кард, вале сабз нигоҳ доштани он меҳнати ҳаррӯза талаб мекунад. Аз ин рӯ, фарҳанги нигоҳдорӣ идомаи фарҳанги бунёдкорӣ аст.
Бо назардошти аҳамияти 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Ин ташаббус танҳо маънои афзоиши корҳои сохтмонӣ ва тозакориро надорад. Дар шарҳи расмии ин қарор таъкид шудааст, ки ҳадафи он ҳамзамон бо ободонии мамлакат баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат, худшиносӣ ва худогоҳии миллии шаҳрвандон мебошад. Ҳамин пайванди ободонии муҳити зист ва ободонии тафаккур аз муҳимтарин паҳлуҳои сиёсати созандагии имрӯза мебошад. Зеро бинои зебо бе фарҳанги баланди истифода метавонад зуд фарсуда шавад. Шаҳри зебо бе шаҳрвандони масъулиятшинос наметавонад муддати дароз обод бимонад. Муассисаи муосир бе мутахассиси соҳибмаърифат наметавонад ба талаботи замон ҷавоб диҳад. Аз ин рӯ, сохтани инсон дар баробари сохтани иншоот муҳим аст.
35 соли Истиқлол ба мо як ҳақиқати муҳимро собит намуд: давлат фақат бо қабули санадҳо ва таъсиси сохторҳо ё худ аз худ устувор намешавад. Давлатдорӣ бо меҳнати ҳаррӯза, бунёди инфрасохтор, рушди иқтисод, таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги шаҳрвандӣ таҳким меёбад. Аз ин рӯ, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд барои мо нуқтаи оғози марҳалаи нави масъулият бошад. Зеро Тоҷикистон имрӯз дигар он кишваре нест, ки 35 сол пеш ба роҳи истиқлол қадам гузошта буд. Кишвар таҷрибаи давлатсозӣ андӯхтааст, инфрасохтори он босуръат рушд дорад, ҷомеа имконияти бештар пайдо намудааст ва насли ҷавоне ба камол расидааст, ки Истиқлолро ҳамчун воқеияти табиии ҳаёти худ дарк мекунад.
35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи, воқеан, сарнавиштсоз буд. Дар ин муддат кишвар роҳи душвори давлатсозиро тай намуда, ба марҳалаи нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва созандагӣ расид. Имрӯз мо натиҷаҳои ин роҳро дар шаҳу деҳоти обод, роҳҳои нав, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тандурустӣ, корхонаҳо, боғу гулгаштҳо ва дигар иншооти муосир мебинем. 35 соли Истиқлол ба мо равшан омӯхт, ки давлатро танҳо бо сангу хишт намесозанд, давлатро бо сулҳ, ваҳдат, дониш, меҳнат, масъулият ва бовар ба фардо месозанд. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамин андешаро бозгӯ мекунанд. Тоҷикистон имрӯз дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва фарҳанги сулҳ садои худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонад. Дар соли 2026 ташаббуси нави Тоҷикистон - «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки масъалаҳои таҳкими сулҳ, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва таваҷҷуҳ ба наслҳои ояндаро дар рӯзномаи байналмилалӣ меҳварӣ гардонд.
Ин далелҳо моро ба як хулосаи муҳим мерасонанд: Тоҷикистон имрӯз танҳо барои худ намесозад, Тоҷикистон бо таҷрибаи худ дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти умумибашарӣ низ саҳм мегузорад. Аз ин рӯ, барои мо Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин ҷашн моро водор месозад, ки дар иҷрои рисолати худ дар назди Ватан боз ҳам ҷиддитар муносибат намоем. 35 соли Истиқлол дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол як давраи сарнавиштсоз аст. Таҷрибаи ин давра моро ба он бовар кунонд, ки агар ҷомеа муттаҳиду ҳадафҳо равшан бошанд ва ҳар як шаҳрванд худро дар назди Ватан масъул ҳис кунад, ҳадафҳои бузургеро низ метавон амалӣ намуд. Имрӯз ҳар дарахти шинонидашуда, ҳар гӯшаи ободгашта ва ҳар кори созандае, ки бо эҳсоси масъулият анҷом меёбад, як хишти муҳиме барои ояндаи боз ҳам дурахшону зебои мост. Ва агар ҳамаи мо ин хиштҳоро бо виҷдон, муҳаббат ва масъулият болои ҳам гузорем, қасри фардои Тоҷикистон боз ҳам устувор, зебо ва пойдор хоҳад шуд.
Диловаршо МУРОДЗОДА,
муовини ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
