https://sadoimardum.tj

Истиқболи ҷашни фархунда бо интихобкунандагон

№:103 (5155), 01 сен 2026, 15:06
10

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади табрики интихобкунандагон ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин, шарҳу тавзеҳи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва баррасии мушкилоту дархостҳои сокинони ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо сафари даҳрӯза - аз 24 август то 2 сентябр ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтанд.

Аз ҷумла, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзалӣ Идизода дар ҷамоатҳои деҳоти Чилдара, Тавилдара ва Заршӯёни ноҳияи Сангвор зимни мулоқот бо интихобкунандагон доир ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии сокинон ва дастовардҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ сухан карда, ба роҳ мондан ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлол - таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босур­ъати кишварро заминагузори пешрафти кишвар арзёбӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон карданд. Дар кишварамон садҳо километр роҳҳои автомобилгарди байналмилаливу ҷумҳуриявию маҳаллӣ бунёд шуд. Ин муддат, ҳамчунин, садҳо мактабу беморхона, кохи фарҳангу толори варзиш, корхонаву меҳмонхона ва дигар иншооти муҳими замонавӣ сохта ба истифода дода шуд ва ин ҷаҳду талоши созандагию ободкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

- Дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Дар остонаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ - ваҳдате, ки Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон онро дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси нав­батии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қатънома қабул намуд, - иброз дошт Файзалӣ Идизода.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷлиси намояндагон 130 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 1 кодекс, 8 қонуни мукаммал, 3 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 32 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва 86 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо қабул намуд.

Ҳамчунин, беш аз 50 барномаи давлатӣ, созишномаю шартнома, қарордоду аҳднома, конвенсияву ёддошт, протоколу номаи табодулӣ, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати кишварҳои дигар, созмонҳои молиявию бонкҳои сармоягузорӣ ба имзо расида буд, тасдиқ карда шуд.

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 18-умин қонуни авф буд, ки дар даврони истиқлолият аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гашт ва вакилони мардумӣ барои қабули он якдилона раъй доданд, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода.

Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода дар Ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор, ҳамчунин, бо аскарону афсарони қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.

Ӯ иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва фароҳам овардани заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ саҳми бориз доранд. Дар ин солҳо ҳайати шахсии Артиши миллӣ бо роҳнамоӣ ва сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон садоқати худро ба халқу Ватан ва давлат борҳо собит сохтааст.

Дар вохӯрӣ интихобкунандагони ноҳияи Сангвор ба Раиси Маҷлиси намояндагон бо саволҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла беҳтар кардани ҳолати роҳҳо, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар мавзуъҳо, муроҷиат намуданд. Файзалӣ Идизода ба ҳар савол ва дархости сокинон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, фикру ақида ва роҳҳои ҳалли ҳуқуқию амалии онҳоро баён дошт. Таъкид гардид, ки тамоми пешниҳодҳо зери назорати қатъӣ гирифта ва барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор расонда мешаванд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Сиёвуш Наботзода зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ зикр карданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди ҳамаҷонибаи кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободонии шаҳру ноҳияҳо ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар тадбирҳои пайвас­та амалӣ менамояд.

Дар идомаи мулоқот нақши сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ шуд.

Зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди устувори кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, инчунин, татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намоян­дагон Мавсума Муинӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Нигина Шарифзода ва Нуралӣ Ниёзӣ таъкид карданд, ки ҳифзи сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар 35 соли соҳиб­истиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар мебошад. Дар ин давра бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, барои рушди иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра, шароити мусоид фароҳам шуд. Қайд гардид, ки корҳои ободониву созандагӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла ноҳияи Шоҳмансур, бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии мардум вусъат меёбанд.

Зикр гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд барои ҳар як шаҳрванд ҳамчун омили таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ хизмат намуда, ҳар як сокинро ба саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ­ҳидоят намояд.

Вохӯрию суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар фазои созанда баргузор гардида, иштирокчиён ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

С. МАҲМУД,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: