Номаҳои табрикӣ
27-уми августи соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Парламенти Ҷумҳурии Молдова Гросу Игор Иванович номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Игор Иванович,
Шуморо ба муносибати Ҷашни миллӣ - Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Молдова табрик менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаро бо Ҷумҳурии Молдова баланд арзёбӣ намуда, ҷонибдори рушди пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
Эътимод дорам, ки рушди минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни давлатҳои мо мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Игор Иванович, саломатии қавӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳои нав орзу намуда, ба мардуми Молдова сулҳ, шукуфоӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам».
29-уми августи соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Дадебай Айбек Аркабайулӣ номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Айбек Аркабайулӣ,
Табрикоти самимии маро аз номи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи худам ба муносибати интихоб шуданатон ба мансаби баланди Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон, мақомоти нави намояндагии кишвар, бипазиред.
Интихоб гардидани Шумо ба ин вазифаи пурмасъулият далели эътимоди баланд ва эътирофи таҷрибаи бисёрсолаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, касбият, принсипнокӣ ва садоқати Шумо дар роҳи хидмат ба мардуми Қазоқистон аст.
Итминон дорам, ки дониши амиқ ва таҷрибаи ғании Шумо дар соҳаи хизмати давлатӣ ба рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобил байни мақомоти қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мусоидат хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам Айбек Аркабайулӣ, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, комёбиҳо дар фаъолияти давлатӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».
31-уми августи соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Маматалиев Марлен Абдирахманович номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Марлен Абдирахманович,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон пазиро бошед.
Дар тӯли солҳои истиқлолият Қирғизистон иқтидори худро бомуваффақият густариш дода, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар самтҳо ба натиҷаҳои арзанда ноил гардида истодааст.
Мехоҳам рушди бемайлони муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро, ки бар пояи ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобила ва талош барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд асос ёфтааст, зикр намоям.
Эътимод дорам, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Марлен Абдирахманович, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳои нав орзу намуда, ба мардуми қирғиз сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно дорам».
1-уми сентябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нарбаева Танзила Камаловна номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Танзила Камаловна,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳамияти хоса медиҳад.
Эътимод дорам, ки рушди пайвастаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни мақомоти қонунгузори кишварҳои мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи стратегӣ ва ҳампаймонӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Танзила Камаловна, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳои нав орзу намуда, ба мардуми бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон сулҳ, шукуфоӣ ва комёбиҳои нав таманно дорам».
Ҳамчунин дигар маводҳо:
