Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди Маҷмааи меъмории бисёрсамтаи хизматрасонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сангӣ асос гузоштанд.
Маҷмааи меъморӣ аз 52 силсилаи иншоот, аз ҷумла 5 бурҷи баланд иборат хоҳад буд. Бурҷи аз ҳама бузурги он, ки бо 77 ошёна 340 метр баландӣ хоҳад дошт, бурҷи Душанбе номида хоҳад шуд. Ин маҷмаа бо чунин бурҷҳои азим ва калонтарин маркази савдо (mall) дар кулли минтақа камназир хоҳад буд.
Маҷмаа дорои меҳмонхона, қаҳвахона, тарабхона, нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасониҳои гуногун, ҳуҷраҳои корӣ, толори консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, толори намоиши кино, маркази савдою фароғат, ҷой барои бозии кӯдакон, макони дилфаро барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, толори варзишӣ, боғ ва кӯл хоҳад буд.
Намои берунаи биноҳо мувофиқ ба талаботи брендҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад. Дар ин маҷмааи муҳташам намунаи маҳсулоти брендӣ ва хӯроку хизматрасониҳои ҷаҳонӣ ҳам пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мегардад.
Дар доираи лоиҳаи муосир 42 бинои истиқоматӣ бо 6160 манзили зист, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда ва кӯдакистон барои 500 кӯдак сохта мешавад.
Дар маҷмуъ баъди татбиқи пурраи лоиҳа дар ин гӯшаи шаҳри Душанбе бо пешниҳоди беҳтарин шароити кору хизматрасонӣ ва зист дар майдони 29 гектар шаҳраки зебою замонавӣ бо масоҳати умумии 270 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, зиёда аз 4300 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.
Зиёда аз 2000 бинокори маҳаллӣ дар вақти сохтмони ин маҷмааи азим, ки дар муҳлати 5 сол бояд ба анҷом расад, ба кор ҷалб мегарданд.
Умуман, ин баландтарин иншоот дар минтақа хоҳад буд, ки дорои самтҳои васеи кору хизматрасонӣ гашта, бо афзалият ба идоракунии технологии рақамӣ бо назардошти тараққиёти минбаъдаи пойтахти кишвар дар он барои тиҷорат, истироҳат, зиндагӣ ва саёҳат шароити муосир фароҳам оварда мешавад.
Намунаи имкониятҳои нави иқтисодию тиҷоратӣ, таҷрибаи муосири шаҳрсозию шаҳрдорӣ ва хизматрасонӣ дар ин маҷмааи муҳташами муосир таҷассум хоҳад ёфт.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти нав таваҷҷуҳи масъулини дахлдор ва соҳибкорону меъморонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ бо афзалият ба сохти меъмории муосири шаҳрсозӣ ҷалб намуданд.
Маҷмааи хизматрасонӣ аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди TAS ИНТЕРНЕШНЛ ГРУП бо пешниҳоди инфросохтори намунавии муосири иҷтимоӣ сохта мешавад.
Имрӯз ҳадафи шаҳрдорӣ дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо бунёди ин маҷмааи муҳташам барои фароҳам овардани шароити замонавӣ ҷиҳати кору хизматрасонӣ, ҷалби сармоя ва ҷаҳонгардон, беҳсозии имконият ва таъмини фазои мусоид барои кору зиндагӣ, тиҷорат ва истироҳату фароғат мебошад.
Иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо такя ба таърихи ғании созандагии миллат ва омезиши он бо таҷрибаи технологии меъмории муосир имкон фароҳам овардааст, ки солҳои охир Душанбе ба намунаи ибратбахши шаҳрдорию шаҳрсозӣ дар минтақа табдил ёбад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
