https://sadoimardum.tj

Истиқболи ҷашни фархунда бо интихобкунандагон

№:104 (5156), 04 сен 2026, 16:59
14

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади табрики интихобкунандагон ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин, шарҳу тавзеҳи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва баррасии мушкилоту дархостҳои сокинони ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо сафари даҳрӯза - аз 24 август то 2 сентябр ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтанд.

Дар доираи ин сафар аз ҷумла, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакилони Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода ва Қиёмиддин Давлатзода бо интихобкунандагон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар шаҳри Панҷакент вохӯрӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Саразм бо иштироки роҳбарияти шаҳр, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону занон, руҳониён, собиқадорон ва дигар фаъолон баргузор гардид.

Дар ноҳияи Айнӣ низ бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва фаъолони ҷомеа суҳбати судманд доир шуд.

Ҷойгоҳи Истиқлоли давлатӣ дар тақдири миллату давлат, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди устувори кишвар ва масъулияти шаҳрвандон дар ободии Ватан аз масъалаҳои меҳварии ин ҷамъомад буданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик заминаи муҳими эҳёи давлатдории миллӣ ва муайян намудани роҳи рушди мустақили кишвар гардид. Марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти зиёди сиёсиву иҷтимоӣ ҳамроҳ буд, аммо бо барқарор гардидани сулҳу салоҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шуд.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими давлатдорӣ ва пешбурди сиёсати дохилию хориҷии кишвар таъкид гардид. Зикр шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иқтисод, энергетика, роҳу нақлиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар самтҳо рушд ёфта, лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ амалӣ гардиданд.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули парлумони касбӣ низ заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ таҳким ёфтанд. Дар баробари ин, аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ёдовар шуда, таъкид гардид, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи кишвар вазифаи умумии ҷомеа мебошад.

Шермуҳаммад Шоҳиён таъкид намуд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд на танҳо як маъракаи ҷашнӣ, балки василаи таҳкими ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад. Ободии давлат аз ободии ҳар як хонадон, кӯча ва маҳалла оғоз меёбад. Дар ин замина, ба ҳифзи забон, фарҳанг, таърих, анъанаҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи насли худшиносу ватандӯст таъкид шуд.

Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, низоъҳо ва таҳдидҳои гуногун низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, зарурати баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, ҳушёриву эҳтиёткорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ таъкид гардид.

Зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Варзоб раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳаммадулло Шерализода роҷеъ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, суръати корҳои ободонию созандагӣ ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳкими сулҳ, иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, зарурати машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имкон ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуд.

Зикр шуд, ки истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва омили асосии пешрафту рушди давлат мебошад. «Барои мардуми тоҷик истиқлолият танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Имрӯз истиқлолият ҳамчун рамзи озодӣ, ваҳдат, ягонагӣ ва пешрафти давлату миллат арзёбӣ мегардад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳм гузорад», - иброз дошт вакили мардумӣ.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Даштиҷум ва Теҳрайи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мулоқот кард.

Зимни вохӯрӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ, пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ сурат гирифта, таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо танҳо ба даст овардани соҳибистиқлолии сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди ҳамаҷонибаи кишвар маҳсуб меёбад.

- Дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободонии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар тадбирҳои таҳкимбахш мавриди иҷро қарор дода шуданд, - афзуд Барно Саидвализода.

Дар мулоқот, ҳамчунин, ба масъалаҳои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳдошти шароити зиндагии мардум, ободии маҳал, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тарбияи дурусти ҷавонону наврасон дар роҳи худшиносию худогоҳии миллӣ, донишандӯзӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масъалаҳои муҳиму афзалият­ноки замони муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Қайд гардид, ки маҳз ҷаҳду талош ва татбиқи сиёсати дурусти давлат ва Ҳукумати мамлакат заминаҳои рушди устувори мамлакатро мустаҳкам ва кишвари моро бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибэҳтиром гардонид.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Шуҳрат Ғанизода ва Ғулом Ҳалимзода бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд мулоқот карда, доир ба Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани он ибрози андеша намуданд.

Зикр шуд, ки барои пешвози сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд. Ин пешниҳод на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми мардуми шарафманди мамлакатро водор намуд, ки бо камоли масъулият дар бунёдкорию ободонӣ ва амалӣ намудани сиёсати ватандӯстонаи роҳбарияти мамлакат саҳм гиранд.

- Дар кишварамон садҳо километр роҳҳои автомобилгарди байналмилалию ҷумҳуриявию маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ шуд. Садҳо мактабу беморхона, кохи фарҳангу толори варзиш, корхонаву меҳмонхона ва дигар иншооти муҳими замонавӣ бунёд гашт ва ин ҷаҳду талоши созандагию ободкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Аз миёни онҳо бинои дар Осиёи Марказӣ беназири Театри миллии Тоҷикистон, варзишгоҳи комилан замонавии футбол- Варзишгоҳи миллӣ ва меҳмонхонаҳои бо сабки навтарини меъморӣ сохташудаи пойтахтро ҳамчун намуна ном бурдан мумкин аст, - гуфт зимни суҳбат Шуҳрат Ғанизода.

Дар фарҷоми мулоқот интихобкунандагон бо саволу пешниҳодҳои худ ба вакилон муроҷиат намуда, ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда гирифтанд.

Дар доираи суҳбату вохӯриҳои вакилон, дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода ва Фирӯз Ҳақназарзода бо сокинони маҳаллаҳои Дӯстӣ, Ҷ. Расулов, С. Вализода, Хати роҳ, кормандони раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб, марказҳои саломатӣ ва фаъолон баргузор гардид.

Шарифҷон Ҳакимзода ва Фирӯз Ҳақназарзода ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ- 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Зикр шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми сарбаланди тоҷик неъмати бебаҳо ва бузургтарин дастоварди таърихӣ буда, маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ барои рушди устувори кишвар ва зиндагии шоистаи мардум заминаҳои мусоид фароҳам омадааст.

Шарифҷон Ҳакимзода иброз дошт, ки дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбуб аз як мамлакати пароканда ба давлати воҳид ва тавонманд табдил ёфт.

Фирӯз Ҳақназарзода доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ намуда, сокинонро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо даъват намуданд.

Файзулло Наҷмиддиниён,

Ҷамшеди САБОҳиддин,

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Нодир ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: