https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон

№:104 (5156), 04 сен 2026, 17:02
4

Сеюми сентябри соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ», «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди маблағгузории муътадилгардонӣ дар шакли қарз байни Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҳкими шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб дар робита ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: