https://sadoimardum.tj

Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе

03 июн 2025, 13:39
25

3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут соли 2024 оғоз гардида буд.

Паҳноии роҳ 50 метрро ташкил дода, аз 8 хати ҳаракат дар ду самт иборат аст. Пиёдароҳҳо, як пул дар болои канали Ҳисор бо дарозии 37,5 метр, гузаргоҳ аз болои роҳи оҳан бо дарозии 175 метр, 2 гардиши нақлиётӣ ва шинонидани дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.

Шумораи муҳандисону коргарон зиёда аз 200 нафарро ташкил дода, онҳо бо истифода аз 44 техника ва механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ барои босифат ва тибқи нақша сохта, ба истифода додани роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда истодаанд.

Роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут қисмате аз роҳи ҳалқавии атрофи пойтахт буда, барои кам кардани шумори зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои асосӣ ва пешгирии тамбашавии нақлиёт дар шаҳр пешбинӣ шудааст.

Баъди ба истифода додани ин қитъаи роҳ, мошинҳое, ки аз водии Ҳисор ба самти шарқу ҷануб мераванд, дигар аз роҳҳои дарунии пойтахт намегузаранд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар идомаи лоиҳаи роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут бунёди корҳои сохтмонии роҳи дусатҳа низ бо дарозии 67,3 метр, ки аз 4 хати ҳаракат дар ду самт иборат мебошад, бо маром ҷараён дорад.

Масофаи умумии роҳи мошингард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дар маҷмуъ 9,2 километрро ташкил дода, ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Марҳилаи якуми роҳ соли 2023 дар масофаи 5 километр ба истифода дода шуда, марҳилаи дуюм ва сеюми он, ки 4,2 километрро ташкил медиҳад, тибқи нақша бояд то соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дар маҷмуъ дар масири ҳалқавии бунёдшаванда, ки дарозиаш 18 км аст ва дарвозаи ғарбии пойтахтро бо дарвозаи ҷанубии он бе даромадан ба дохили шаҳр мепайвандад, ду пули мошингузар ва як эстакадаи бисёрсатҳа низ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самаранок аз имконияту шароитҳои мавҷуда, тезонидани корҳои сохтмонӣ ва пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мазкур ба муҳандисону роҳсозон дастуру тавсияҳо доданд.

Ба ҳамин монанд ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти зиёди иҷтимоию хизматрасонӣ вусъат дорад, ки ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, таъмини босифати хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон ва муаррифии урфу одат ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: