https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:111 (5163), 21 сен 2026, 17:30
1

21-уми сентябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ­Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Рубинян Рубен Карапетович номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Рубен Карапетович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Ҷашни миллӣ - Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Арманистон бипазиред.
Дар тули солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Арманистон роҳи шоистаи ташаккули давлатӣ ва рушдро тай намуда, дар таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, пешбурди илму маориф ва фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Итминон дорам, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муколамаи созандаи байнипарламентӣ миёни Тоҷикистон ва Арманистон минбаъд низ ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои мо мусоидат хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам Рубен Карапетович, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ ва ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу менамоям».

Ҳамчунин дигар маводҳо: