Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ватандӯсту заҳматқарини вилоятро ба муносибати ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, хотираи фарзанди некноми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, собиқ раиси вилоят, шодравон Алишер Мирзонаботро ба некӣ ёд намуда, бори дигар ба падару модар ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки шодравон Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки садоқат ба давлату миллат ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаро шиори зиндагии худ қарор дода буд.
Гуфта шуд, ки иншооти зиёде, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёд шудаанд ва як қисми онҳо имрӯз ифтитоҳ гардид, маҳз бо талоши ватандӯстонаи шахсии ӯ амалӣ шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падару модари шодравон Алишер Мирзонабот барои ба камол расонидани чунин фарзанди содиқу ватандӯст самимона сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот номгузорӣ шавад.
Аснои суханронӣ Сарвари давлат аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, онро натиҷаҳои бузурги заҳмати созандаву ободгаронаи мардуми сарбаланди кишвар номиданд.
Таъкид шуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимӣ ва талошҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар вилоят дигаргуниҳои амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ ба амал омаданд.
Зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти вилоят дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 3 миллиард сомонӣ расидааст. Соли 1991 аҳолии вилоят ҳамагӣ 172 ҳазор нафар буд, вале имрӯз ин шумора ба беш аз 236 ҳазор нафар расида, нисбат ба давраи оғози соҳибистиқлолӣ 64 ҳазор нафар зиёд гардидааст.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар вилоят зиёда аз 120 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, 27 ҳазор шаҳрванд ба таври ройгон касбу ҳунар омӯхтаанд, ки зиёда аз 60 фоизи онҳо занону бонувон мебошанд.
Роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани рушди бахши хусусӣ суръати пешрафти иқтисодиётро боз ҳам тақвият бахшанд, ба таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 9,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуда, маблағгузории талаботи иҷтимоиву иқтисодии вилоят мунтазам таъмин гардида истодааст.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар вилоят 41 лоиҳаи муҳимми сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 13 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома дорад.
Таъкид гардид, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент аз соли 2008 то ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 123 иншооти иҷтимоӣ ва маъмурӣ ба маблағи 863 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Имрӯзҳо бунёди боз 28 иншооти дигар ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ идома дорад.
Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба зиёда аз 37 ҳазор оилаи вилоят 3765 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 1545 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст, ки 113 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин ҳисси баланди ватандӯстӣ, ташаббускорӣ ва саҳми арзанда дар пешрафту ободии Ватан ба сокинони ватандӯсту заҳматқарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла саноат, энергетика, бахшҳои ояндадор, барномаҳои давлатӣ ва самтҳои асосию стратегии Ҳукумати кишвар бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар ҳудуди вилоят 202 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 190 корхонаи нави истеҳсолӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис дода шудааст.
Вазорату идораҳои марбута аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки якҷо бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо корро барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, вусъат бахшанд.
Таъкид гардид, ки таҳкими иқтидори саноатӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба рушди соҳаи энергетика вобаста мебошад.
Зикр шуд, ки дар маҷмуъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи энергетикаи вилоят беш аз 3,4 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст. Дар ин давра 134 лоиҳаи муҳимми сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи 16 лоиҳаи дигари энергетикӣ ба маблағи умумии 400 миллион сомонӣ идома дорад.
“Бо ташаббуси Ҳукумати кишвар нахустин неругоҳи бузурги даврони соҳибистиқлолӣ – Помир-1 бунёд гардида, баъдан даҳҳо неругоҳи хурду миёнаи обӣ, неругоҳҳои офтобӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои муосир сохта, ба истифода дода шуданд”, - изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар солҳои охир неругоҳҳои нави обӣ ва офтобӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон, Дарвоз ва Рӯшон ба истифода дода шуда, неругоҳи обии “Себзор” низ ба фаъолият оғоз намуд.
Вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки барои суръат бахшидан ба бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ, таҷдиди шабакаҳои барқӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия чораҷӯйӣ намоянд.
Зимни таҳлили рушди бахши кишоварзӣ таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 ба 1 миллиарду 131 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2000 14 баробар зиёд мебошад.
Вобаста ба шароити табиӣ ва иқлими вилоят барои рушди бахшҳо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ чораҷӯйӣ намоянд.
“Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва бунёди шабакаи муосири роҳҳои мошингард яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ барои вилоят мебошад”, - изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта шуд, ки барои рушди инфрасохтори нақлиётии вилоят 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 266 километр роҳ, 32 пул ва 2 нақб сохта, ба истифода дода шуд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои зикршуда қитъаҳои муҳимми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма, аз ҷумла роҳҳои Мурғоб - Кулма, Шкев – Зиғар, Шоҳон – Зиғар ва дигар роҳу пулҳои муҳим тибқи талаботи байналмилалӣ навсозӣ карда шуданд.
Зарур шумурда шуд, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои роҳсозӣ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳои мошингард ва пулҳо масъулин тадбирҳои мушаххас андешанд.
Аснои суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, рушди дигар соҳаҳои иқтисоди миллиро дар вилоят таҳлил намуда, барои амалисозии тадбирҳо дар ин бахшҳо, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонону занон, сайёҳӣ ва ғайра дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими заминаҳои моддиву техникии соҳаи маорифи вилоят ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия тадбирҳои муассир амалӣ карда шуданд. Танҳо дар бист соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маорифи вилоят зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мунтазам афзоиш ёфта, буҷети он дар соли 2026 ба беш аз 206 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 22 фоиз зиёд мебошад. Дар бист соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи тандурустии вилоят зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят беш аз 280 муассисаи тандурустӣ ба маблағи 370 миллион сомонӣ бунёду навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини вилоят минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ва заҳмати содиқона барои ободӣ ва таҳкими иқтидори Тоҷикистони соҳибистиқлол заҳмат хоҳанд кашид.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омӯзгорон Гулзода Мумтоза, Файзиддин Ализода ва собиқадор Исмоил Орифшо доир ба дастовардҳои даврони истиқлолӣ, аз ҷумла рушди соҳаи маориф, саҳми Пешвои миллат дар шукуфоии ин гушаи сарзамин, таъмини зиндагии шоиста ва ғайра андешаронӣ карданд. Онҳо ба Роҳбари ҷавонпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
