Ҳамоиши идона ба муносибати Рӯзи забон
Панҷуми октябри соли 2026 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Шермуҳаммад Шоҳиён аз ҷумла, иброз дошт, ки забон муҳимтарин рукни ҳастии миллат, омили таҳкими худшиносии миллӣ ва воситаи асосии нигоҳдории таъриху фарҳанги халқ мебошад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва рушди забони давлатиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян менамояд.
- Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз аркони муҳими давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Роҳбари давлат забонро кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллӣ ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро дар амал татбиқ намуданд. Бахусус, дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ заминаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав соли 2009 яке аз қадамҳои асосӣ дар ин самт ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забон, таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ ба рушди сиёсати забон ва баланд гардидани мақоми забони давлатӣ дар ҷомеа мусоидат намуд, - изҳор дошт ӯ.
Зикр шуд, ки дар ин муддат бо василаи дар амал татбиқ гардидани сиёсати миллӣ вобаста ба гиромидошти забони тоҷикӣ бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши забони давлатӣ ҷиҳати корбурд дар тамоми соҳаҳо, бахусус дар минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, бамаротиб афзуд. Сарвари давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои ҷаҳонӣ забони моро муаррифӣ намуда, онро ба забони сулҳу субот ва беҳсозии зиндагии мардуми ҷаҳон табдил доданд.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Комилҷон Шамшерзода, муовини мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Занҷирамоҳ Нуруллозода доир ба таърих, ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
