Баррасии ҳамкориҳо бо САҲА
9-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи конфронси 26-уми Осиёи Марказӣ оид ба воситаҳои ахбори омма вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилҷон Шамшерзода бо намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии воситаҳои ахбори омма Ян Браату мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди воситаҳои ахбори омма, такмили маҳорати касбии рӯзноманигорон, баланд бардоштани саводнокии расонаӣ, дастрасӣ ба иттилоот ва истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба амнияти киберӣ, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти рӯзноманигорон ва имкони-ятҳои густариши ҳамкорӣ дар самти рушди муҳити иттилоотӣ табодули назар намуданд.
Дар ин замина, ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аҳамияти татбиқи масъулонаи технологияҳои нав махсус таъкид гардид.
www.egov.tj parlament-tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:
