Нақши занон ва ҷавонон дар идоракунии устувори захираҳои обӣ ва энергетикӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои 6-7-уми октябри соли равон дар шаҳри Тошкент оид ба нақши занону ҷавонон дар идоракунии захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ муколамаи сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Маҷидзода, Наима Солизода ва Неъматулло Холбойзода иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии муколамаи сиёсӣ таҳкими равишҳои ба масъалаҳои гендерӣ нигаронидашуда ва байнинаслӣ дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти иқлим, идоракунии захираҳои обӣ, энергетика ва рушди усту-вор дар Осиёи Марказӣ буд.
Таъкид гардид, ки идоракунии захираҳои обӣ, энергетика, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор танҳо масъалаҳои техникию соҳавӣ набуда, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими идоракунӣ ба ҳисоб мера-ванд. Ҳалли самараноки онҳо қабули қарорҳои фарогир, байнисоҳавӣ ва дурназаронаи сиёсӣ, инчунин, ишти-роки фаъоли занон ва ҷавононро тақозо менамояд.
www.egov.tj parlament-tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:
