Форуми миллӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии духтарон
9-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии духтарон форуми миллӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷики-стон Мавсума Муинӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсума Муинӣ ҳозиринро аз номи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муно-сибати Рӯзи байналмилалии духтарон табрик гуфта, зикр кард, ки Рӯзи ҷаҳонии духтарон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ соли 2011 муқаррар гардида, бори аввал 11 октябри соли 2012 таҷлил ёфт. Ҳадафи аслӣ аз таҷлили ин рӯз дар сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ба вазъи духтарон дар сайёра, ҳимоят аз имконоти таҳсил, баробарҳуқуқӣ, саломатӣ, мубориза бо табъиз, хушунат ва издивоҷи бармаҳали духтарон мебошад.
- Рӯзи гиромидошти духтарон дар кишвари мо ба рӯйдоди миллӣ табдил ёфтааст. Яъне, рӯйдоде, ки фаро-тар аз як ҷашни рамзист. Ин як заминаест барои эҷоди фурсату имконоти нави иҷтимоӣ ва афзоиши сар-моягузорӣ дар масири рушди устувор ва шукуфоии духтарони наврас, ки, бешак, ба ин ҳадаф дар партави сиё-сати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидаем, - таъкид намуд Мавсума Муинӣ.
www.egov.tj parlament-tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:
