https://sadoimardum.tj

Ҷашни сулҳ, ваҳдат, созандагӣ ва масъулиятшиносӣ

№:125 (5177), 14 окт 2026, 16:48
0

35-солагии Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ аст. Ин ҷашн танҳо гиромидошти як санаи муҳими таърихӣ не, балки фурсати арзёбии роҳи тайкардаи давлату миллат, сабақҳои давлатсозӣ ва ҷойгоҳи таҷрибаи Тоҷикистон дар равандҳои муосири байналмилалӣ мебошад. Дар ин масир сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун муҳимтарин дастоварди даврони Истиқлол ва заминаи аслии рушди устувори кишвар аҳамияти махсус доранд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, соли 2026 барои кишвар соли таърихӣ буда, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳилаи муҳими худшиносӣ ва дастовардҳои миллӣ ба шумор меравад.
Имсол қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва дипломатӣ гардид. Қатънома аҳамияти фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, муколама, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро таъкид мекунад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ин ташаббус аз он иборат аст, ки ғояҳои он бо таҷрибаи таърихии кишвар бевосита ҳамоҳанг мебошанд. Мардуми тоҷик арзиши сулҳу суботро бо тамоми ҳастӣ дарк кардааст. Дар солҳои душвори аввали истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи асосӣ барқарорсозии сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани давлатдорӣ муайян гардида, тамоми кӯшишу амалкардҳо ба ин мақсадҳои наҷиб равона шуданд. Маҳз, ҳамин раванд имкон дод, ки сулҳ аз натиҷаи музоки-рот ба фарҳанги муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пояи рушди давлат табдил ёбад. Таҳлилҳои илмии солҳои охир низ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар муколамаи дохилӣ ва эҷоди механизмҳои мусолиҳа дар таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон махсус таъкид мекунанд.
Таҷрибаи 35 соли давлатсозӣ нишон медиҳад, ки истиқлолияти сиёсӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани сулҳу суботи дохилӣ метавонад ба рушди устувор такя кунад. Барқарор гардидани ризоияти миллӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, такмили низоми идоракунӣ, барқарорсозии иқтисод ва фароҳам овардани шароити мусо-ид барои рушди иҷтимоӣ замина гузошт. Бо ҳамин сабаб, дастовардҳои давраи истиқлол - аз бунёди роҳу нақбҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ то рушди маориф, тандурустӣ, инфрасохтор ва ҳифзи иҷтимоӣ на танҳо ҳам-чун натиҷаи сохтмон ва сармоягузорӣ, балки чун самараи сулҳу ваҳдат арзёбӣ мешаванд.
Ваҳдати миллӣ, инчунин, ба ташаккули эътимоди байни давлат ва ҷомеа, муттаҳидсозии шаҳрвандон дар атрофи Пешвои худ, инчунин, ҳадафҳои даврони умумимиллӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ му-соидат кард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист тадриҷан сиёсати хориҷии фаъол ва созандаро ташаккул дода, аз таҷрибаи сулҳ дар дохили кишвар ба дипломатияи байналмилалии сулҳ ва ҳамкорӣ гузарад. Дар таҳқиқоти илмӣ-академии соли 2026 таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун намунаи махсуси сулҳофарӣ ва нақши роҳбарӣ дар барқарорсозии сулҳ ва ризоияти миллӣ мавриди таҳлили сиёсӣ-таърихӣ қарор гирифтааст.
Яке аз самтҳои барҷастаи чунин дипломатия ташаббусҳои Тоҷикис­тон дар соҳаи об ва иқлим мебошад. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид як қатор ташаббусҳои бай-налмилалӣ оид ба оби тоза, об барои ҳаёт, ҳамкорӣ дар соҳаи об, об барои рушди устувор, Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва илмҳои криосфера пешниҳод ва қабул гардиданд. Ин ташаббусҳо аҳамияти ва-сеътар ва глобалӣ доранд. Онҳо нишон медиҳанд, ки масъалаҳои умумибашарӣ метавонанд на манбаи рақобат, балки василаи эътимод, муколама ва ҳамкории байни давлатҳо бошанд.
Дар ин замина, Душанбе дар солҳои охир ба майдони муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба об, иқлим, пиряхҳо ва рушди устувор табдил ёфт. Баргузории конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар ин самт иштироки васеи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро таъмин карда, ба таҳкими фарҳанги муколама мусои-дат намуд. Аз ин нуқтаи назар, дип­ломатияи оби Тоҷикистон идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона буда, таҷрибаи миллии кишварро ба сатҳи байналмилалӣ баровард.
35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо як марҳилаи ҷамъбасти роҳи муайяни тайшуда, балки нуқтаи оғози масъулияти нав мебошад. Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ ва зарурати таҳкими Ис-тиқлоли давлатӣ бояд сулҳ ҳамчун арзиши ҳифзшаванда, ваҳдати миллӣ чун сармояи умумимиллӣ ва рушди устувор ҳамчун вазифаи наслҳои имрӯз ва фардо дарк карда шаванд. Таҷрибаи Тоҷикистон собит месозад, ки сулҳ аз дохили давлат оғоз меёбад. Ҷомеаи муттаҳидшуда метавонад ба пешгирии низоъҳо мусоидат кунад, рушди иқтисодию иҷтимоиро таъмин намояд ва дар арсаи байналмилалӣ шарики боэътимод бошад.
Метавон бо итминон гуфт, ки роҳи тайкардаи Тоҷикистон аз таҷрибаи барқарорсозии давлатдорӣ ба таҷри-баи сулҳофарии байналмилалӣ расидааст. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ ба асоси сиёсати давлатӣ ва рушди кишвар табдил ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтаанд. Татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти амният, обу иқлим, таҳкими сулҳ ва истифодаи зеҳни сунъӣ имкон фароҳам меорад, ки ин таҷриба ҳамчун саҳми Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, таъмини рушди устувор ва зиндагии осо-иштаи наслҳои оянда боз ҳам бештар ифода шавад.
Аз ин рӯ, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо ҷашни соҳиб­ихтиёрӣ, балки ҷашни сулҳ, ваҳдат, созандагӣ ва масъулиятшиносӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Рустам ЛАТИФЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин

Ҳамчунин дигар маводҳо: