Ифтитоҳи курси 2-юми мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон
5-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маросими ифтитоҳи кур-си 2-юми мактаби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Му-инӣ, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Фейзо Нуманаӣ, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парватӣ Рамасвамӣ, сафири Брита-нияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Кэтрин Смитто ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки мақом ва саҳми Роҳбари оқилу дурандеши мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозиву барқарорнамоии робитаҳои дӯстонаву дипломатӣ бо кишварҳои гуногун, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва муаррифии кишвару миллат дар арсаи ҷаҳон беназиру қобили зикри хос аст.
- Баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави давлатсозӣ, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Дар тӯли солҳои истиқлол Тоҷикистон ба шарофати сиёсати мутавозин ва муносиб мақом ва манзалати шоистаеро дар арсаи ҷаҳони муосир касб намуд, - гуфт М. Муинӣ.
Таъкид шуд, ки дар муддати 35 соли охир мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ҳам ба сифати Шурои Олӣ, Маҷлиси Олӣ ва ҳам Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ саъю талошҳои зиёдеро ба хотири ташкил ва татбиқи низоми робитаҳои ҳамкориҳои байнипарламетӣ бо кишварҳо ва созмонҳои бу-зурги байналмилалию минтақавӣ роҳандозӣ намудааст. Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ва қобили таҳқиқ мебошад.
Зикр гардид, ки занони Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар баробари мардон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди парламента-ризм, густариши робитаҳои байналмилалӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ саҳми назаррас гузоштанд.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҷалби онҳо ба сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла парламент ва дипломатия, заминаҳои мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат бонувони тоҷик тавонистанд дар арсаи дипломатияи парламентӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ низ мавқеи шоиста касб намоянд. Имрӯз занони тоҷик на танҳо дар таҳияи қонунҳо ва фаъолияти намояндагӣ, балки дар муаррифии давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ низ саҳми назар-рас доранд, - афзуд Мавсума Муинӣ.
Фаъолияти курси мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон ва баргу-зор намудани мулоқоту муколама, омӯзиши малака ва донишҳои сиёсӣ миёни вакилони Маҷлиси намояндаго-ни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шунавандагони мактаби мазкур дар самти мусоидат ҷиҳати роҳбарӣ ва иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, дастгирӣ ва тавонмандсозии занони ҷавони роҳбар иқдоми хуб арзёбӣ гардид.
www.egov.tj parlament-tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:
