Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни муколамаи минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар ОМ
13-уми октябри соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди даврӣ, такмили заминаҳои қонунгузорӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва густариши ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи барномаи муколама иштирокчиёни чорабинӣ аз бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷики-стон боздид намуданд. Ба меҳмонон дар бораи сохтори Маҷлиси намояндагон, тартиби фаъолияти он, раванди таҳия ва қабули қонунҳо, инчунин, нақши парламент дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Иштирокчиён бо муҳити кории вакилони Маҷлиси намояндагон шинос шуда, оид ба таҷрибаи қонунгузо-рии Тоҷикистон ва имкониятҳои густариши ҳамкории байнипарлумонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Cайёра БОБОЕВА,
шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
