https://sadoimardum.tj

Шоҳсутуни рушди Тоҷикистон

№:125 (5177), 14 окт 2026, 17:04
4

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва пояи асосии давлатдории миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон мақоми сарнавиштсоз касб намуда, дар зарфи 35 сол барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди воқеии кишвар заминаҳои устувор фароҳам овард. Дар раванди таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули давлатдории муосири миллӣ саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз мебошад. Дар ин марҳилаи муҳими таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати кишвар роҳи таҳкими пояҳои ис-тиқлол, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободонии Ватанро пайгирона идома дода, ба дастовардҳои муҳим ноил гардид.
Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овардаанд ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба ­даст­о­вардҳои хеле назаррас ноил гардид».
Воқеан, Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо оғози марҳилаи нави таърихи давлатдорӣ, балки заминаи ташаккули сиёсати мустақили иқтисодӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ гардид. Дар ин раванд соҳаи энергетика аз ҷумлаи самтҳое буд, ки аҳамияти стратегӣ касб намуда, ба яке аз меҳварҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар табдил ёфт. Зимни иштирок дар ҷамъомад ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Театри миллӣ 8-уми сентябри соли 2026 вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути таъминоти боэъти-моди неруи барқ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Мо аз рӯзҳои авва-ли соҳибистиқлолӣ рушди энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии ки-шварро, ки боигарии асосии миллии мо мебошад, яке аз афзалиятҳои стратегии давлат муайян намудем».
Дарвоқеъ, дар даврони соҳиб­истиқлолӣ рушди соҳаи энергетика ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфта, барои таҳкими заминаҳои истиқлоли энергетикии мамлакат тадбирҳои пайваста ва ҳадафмандона амалӣ гардиданд. Бо мақсади расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, афзо-иши иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ, беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ис-тифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ шуданд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки за-хираҳои табиӣ аҳамияти рӯзафзун касб менамоянд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкони-ятҳои бузурги гидроэнергетикӣ мавқеи хосро ишғол мекунад. Тибқи таҳқиқот, иқтидори истеҳсоли солонаи неруи барқ дар кишвар 527 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки 95 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазир то ҳол аз худ нашудааст. Илова ба захираҳои гидроэнергетикӣ, захираҳои зиёди тавлиди неруи барқ аз ҳисоби шамол, офтоб ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ мавҷуд мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад ва кишвари мо аз лиҳози ҳиссаи истеҳсоли энергияи «сабз» дар ҷаҳон мавқеи 6-умро ишғол менамояд.
Таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ яке аз ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» бо роҳандозии вазифаҳои асосӣ, аз ҷум-ла зиёд намудани иқтидори энергетикӣ то 10 ГВт, содироти солонаи неруи барқ то 10 млрд. кВт/соат, ҳиссаи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия то 10 фоиз дар истеҳсоли барқ ва кам кардани талафоти неруи барқ аз 10 фоиз паст, муайян гардидааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки таҳлили 10 соли охири соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварро фарогир буд, бори дигар таъкид гардид: «Моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва ис-тиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад».
Ин дастоварди бузург, ки дар солҳои охир талошҳои бениҳоят зиёд барои амалӣ гардондани он равона шудааст, як рӯйдоди таърихӣ ва хурсандии бузург барои мардуми Тоҷикистон хоҳад буд. Гузашта аз ин, на танҳо мушкилоти мавҷударо ҳал мекунад, балки роҳро барои рушди устувори кишвар ба даҳсолаҳои оянда мекушояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, 20 лои­ҳаи дигар ба маблағи 23 миллиард сомонӣ феълан дар марҳилаи амалисозӣ қарор доранд.
Дар ин давра зиёда аз 2300 МВт иқтидорҳои нав ба кор дароварда шуда, иқтидори энергетикии мамла-кат ба 6700 МВт баробар гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17,4 миллиард киловатт/соати соли 1991 ба 24,2 миллиард киловатт/ соат дар соли 2025 расонда шуд, ки нисбат ба аввали солҳои соҳибистиқлолӣ 6,8 миллиард киловатт соат ё 39 фоиз афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, 20-уми ноябри соли 2025 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ-неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд. Иқтидори умумии неругоҳҳои офтобии бунёдшаванда 500 МВт-ро ташкил дода, арзиши умумии онҳо 250 миллион доллари ИМА аст. Амалишавии лоиҳаҳо ба беҳтар гар-дидани таъминоти неруи барқи минтақаҳо, афзоиши ҳиссаи истеҳсоли энергияи «сабз» ва таҳкими устуво-рии низоми энергетикии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҷиҳати боз ҳам пеш бурдани принсипи иқтисоди «сабз» дар соҳаи гидроэнергетика ва амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз», татбиқи лоиҳаҳо ва чорабиниҳои дар самти исти-фодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла офтоб ва шамол, дар назар гирифта шудааст, ки иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби чунин манбаъҳо то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1500 МВт ра-сонида шавад.
Дар баробари ин, айни замон вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Хуталон», «Айнӣ», «Ёвон», «Санобод», «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Фондарё» ва «Чарсем» корҳои таҳқиқотӣ ва асос-ноккунии техникӣ-иқтисодӣ идома доранд.
Мусаллам аст, ки бе рушди соҳаи энергетика пешрафти устувори иқтисодиёти миллӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ ғайриимкон мебошад. Беҳуда нест, ки энергетикаро «локомотив» ва неруи пешбарандаи иқтисодиёт унвон мекунанд, зеро маҳз, ин соҳа заминаи боэътимоди фаъолияти тамоми бахшҳои ис-теҳсолӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозад.
Дар ин замина, Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун бузургтарин иншооти энергетикии кишвар аҳами-яти махсус дорад. «Роғун» – пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 630 МВт-ро ташкил медиҳад. Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани «Роғун» бо иқтидори 3780 МВт (беш аз 13,3 млрд. кВт/соат) иншооти мазкур калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.
Маврид ба зикри хос аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷики-стон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳиб­истиқлолӣ дар баробари сохта ба истифода додани ин-шооти азими энергетикӣ дар доираи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020», «Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ барои сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ корҳои муайяне ба сомон расонда шудааст. Дар доираи барномаҳои мазкур дар кишвар беш аз 100 деҳаи дурдасте, ки ба неруи барқ дастрасӣ надоштанд, бо неруи барқ таъмин шуданд.
Таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷудаи барқӣ, ки 60-70 сол инҷониб фаъолият доранд, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт як қатор лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд. То имрӯз се агрегати НБО «Норак» навсозӣ шуда, аз ин ҳисоб иқтидори лоиҳавии неругоҳ 120 МВт зиёд гардид. Корҳои таҷдид дар дигар агрегатҳои неругоҳ идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки иқтидори лоиҳавии НБО «Норак» то давраи таҷдид 3000 МВт-ро ташкил дода, иқтидори воқеии кории он бошад, ба 2665 МВт баробар гардида буд. Дар натиҷаи таҷдид гардидани ҳамаи гидроагрегатҳо соли 2032 иқтидори лоиҳавии неругоҳ то 3375 МВт меафзояд.
Маврид ба зикр аст, ки 23-юми августи соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшиданд. Пас аз 4 сол - 7-уми сентяб­ри соли 2024-ум 3 агрегати онро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд. 20-уми ноябри соли 2025 бо иштироки Пешвои миллат агрегатҳои боқимонда баъд аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки иқтидори ҳар як агрегат аз 21 МВт ба 29 МВт расонда шуд. Дар ин зами-на, иқтидори истеҳсолии неругоҳ 60 МВт зиёд гардида, истеҳсоли солонаи неруи барқ аз 650 млн. кВт/соат то 900 млн. кВт/соат афзоиш ёфт.
Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Баъди муҳлати тӯлонии истифода агрегатҳои неругоҳ пурра таҷдиду навсозӣ гардид.
Таҷдид ва навсозии неругоҳҳои барқӣ имкон медиҳад, ки таъминоти устувори энергетика иҷро шавад ва барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ заминаи мусоид фароҳам ояд.
Тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», яке аз нишон-диҳандаҳои муҳими соҳаи энергетика то 10 фоиз кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои барқӣ мебошад. Ин ҳадаф аз ҷумла, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ, беҳтар намудани устувории низоми энергетикӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар шароите, ки талабот ба неруи барқ сол ба сол афзоиш меёбад ва густариши инфрасох­тори энерге-тикӣ маблағгузории назаррасро талаб мекунад, кам намудани талафоти неруи барқ ба яке аз роҳҳои самараноки баланд бардоштани иқтидори воқеии низоми энергетикӣ табдил меёбад. Зеро ҳар як киловатт/соати неруи барқе, ки аз талафот ҳифз мегардад, дар асл, баробари истеҳсоли иловагии неруи барқ мебошад.
Бо мақсади расидан ба ин нишондиҳанда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд як қатор чораҳои амалӣ андешида истодааст. Яке аз муҳимтарин тадбирҳо татбиқи лоиҳаҳои махсуси кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ мебошад.
То ба имрӯз татбиқи 4 лоиҳа муваффақона амалӣ гардида, тат­биқи 3 лоиҳаи дигар идома дорад.
Бояд гуфт, ки бо роҳандозии низоми ягонаи биллингӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Вилояти Мухто-ри Кӯҳистони Бадахшон бо натиҷаҳои соли 2025 сатҳи талафот дар миқёси фарогирии ин лоиҳаҳо аз 6 то 8 фоизро ташкил дод.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо на танҳо ба иҷрои ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат мекунад, балки барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи энерге-тика, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамин тариқ, таҷрибаи даврони соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки рушди энергетика бо таҳкими пояҳои иқтисодии давлат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Сиё-сати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти энергетика, пеш аз ҳама, ба таҳкими иқтидори энергетикии кишвар, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва фа-роҳам овардани заминаи мусоид барои пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ равона шудааст.
Маҳз, дар заминаи чунин сиёсати дурбинона бунёд, таҷдид ва навсозии иншооти энергетикӣ, афзоиши иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ ва рушди инфрасохтори соҳа аҳамияти махсус пайдо намуд. Аз ин рӯ, сиёсати энергетикии Пешвои миллатро метавон ҳамчун қисми муҳими стратегияи рушди иқтисодии мамлакат арзёбӣ намуд.
Метавон таъкид кард, ки соҳаи энергетикаи кишвар дар масири Истиқлоли давлатӣ ба яке аз шоҳсу-тунҳои муҳими рушди миллӣ табдил ёфта, стратегияи истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати дарозмуддати рушди Тоҷикистон шакл гирифтааст.
Имрӯз вазифаи муҳим идомаи ин раванд бо такя ба технология­ҳои муосир, истифодаи оқилонаи захи-раҳои табиӣ, рушди иқтисоди «сабз», баланд бардоштани самаранокии энергетика ва фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ мебошад. Маҳз, чунин муносибат метавонад барои таҳкими заминаҳои иқтисодии Истиқлоли давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори Тоҷикистон хизмат ­намояд.
Муҳамадулло ШЕРАЛИЗОДА,
Насрулло ҲАСАНЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: