https://sadoimardum.tj

НБО «Норак» барои тавлиди барқи хушсифат омодааст

14 окт 2026, 11:03
4

Айни замон дар баъзе гидроагрегатҳои НБО «Норак» корҳои навсозӣ ва таъмири ҷорӣ идома дорад.
Тибқи иттилои муовини сармуҳандиси неругоҳ Анвар Киромадинов, то имрӯз мутахассисон ин корхонаи бузург барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 як зумра корҳои муҳим, аз ҷумла, захира намудани маводи зидди лағжиш барои роҳҳои нақлиётии неругоҳ, гузаронидани корҳои профилактикӣ дар дегҳои барқии системаи гармидиҳӣ, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2, омода намудани нақлиёт ва дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳоро пурра иҷро намудаанд.
Бояд гуфт, ки дар вақти татбиқи амалии лоиҳа ҷиҳати таҷдиди босамари агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Норак» пудратчиён аз техникаю технологияи муосири ҷаҳонӣ истифода мебаранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: