https://sadoimardum.tj

Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»

22 окт 2026, 11:34
1

Бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи табиати ки-швар ва боло бурдани фарҳанги экологии мардум гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун рамзи маънавии тоҷикон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гулҳои миллӣ эълон карда шуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, ба шарофати сиёсати ҳувиятсози Президен-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ар-зишҳои милливу фарҳангии миллати тоҷик эҳё гардида, на танҳо дар ҳа-ёти маънавии ҷомеаи мо умри дубора пайдо намуданд, балки ба сатҳи байналмилалӣ баромада, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд.
Дар ин радиф эълони гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун гулҳои миллӣ, ки дар адабиёту фарҳанги гузаштаву имрӯзаи мо ҷойгоҳи хосса дошта, ифодага-ри завқи зебоишиносии миллати сарбаланди тоҷик мебошанд, иқдо-ми дигари Пешвои миллат дар самти густариши суннатҳои волои куҳан дар замони муосир ба шумор меравад.
Ин гулҳо ба ҷузъи ҷудонопазири тамаддуни тоҷикон табдил ёфта, махсу-сан бо ҷашни ориёии Наврӯз ва фасли зебоманзари баҳор пайванди но-гусастанӣ доранд. Агар гули Сиёҳгӯш нахустин муждарасони баҳори нав, рамзи ҳофизаи таърихиву асотирӣ ва пирӯзии покиву адолат бошад, пас гули Лола рамзи рӯйсурхии мардуми сарбаланди мо, таҷассуми ҳусну ла-тофат ва шукуфоии табиати кишвар аст.
Бо гули Сиёҳгӯш чун аввалин пайки баҳорӣ, мардуми мо омад-омади фасли хуррами баҳору соли нави аҷдодиро бо рӯҳбаландӣ истиқбол ме-намуданд ва дар рӯзҳои минбаъдаи наврӯзӣ бо суруру шодмонӣ ба сай-ри гули Лола мебаромаданд, ки онро сайри гули сурх низ мегуфтанд.
Анъанаи сайри гули Лола дар замони муосир бо ҳамин унвони таърихӣ, вале мазмунҳои наву тоза ҳамасола моҳи апрел дар саросари кишвар бо шодию сурур таҷлил гардида, шаҳру деҳоти кишварро ба гулистон мубаддал месозад.
Ин анъанаҳои бостонӣ иртиботи ногустастании мардуми ориётаборро бо табиати дилрабову нотакрори хеш, махсусан бо гулҳо баръало нишон медиҳад. Аз ин рӯ, даҳҳо номҳои духтаронаи тоҷикӣ дар таркиби худ вожаи гул доранд – ба монанди гуландом, гулбону, тоҷигул, гулпайкар, гулчеҳра, гулноз ва амсоли ин, ки аз давраи куҳан то кунун падару мода-рон бо меҳру муҳаббати беандоза духтарони худро номгузорӣ мекунанд.
Бамаврид аст иртиботи гули Сиёҳгӯшро бо ривояти ориёии марбут ба Сиёвуш ёдоварӣ намуд, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқоси-ми Фирдавсӣ тасвир шудааст. Пайванди мустақими он бо номи Сиёвуш - яке аз чеҳраҳои барҷастаи ин ҳамосаи миллӣ – аҳаммияти таърихию устуравӣ доштани гули Сиёҳгӯшро бори дигар таъкид менамояд. Дар ин замина дирӯзу имрӯзи мо ба ҳам пайванд гардида, рамзи хотираи таърихӣ ва меросдории тамаддунӣ ифода меёбад ва худшиносиву ифти-хори миллиямон боз ҳам таҳкиму тақвият хоҳад ёфт.
Табиати биҳиштосои диёри маҳбубамон бо гулҳои рангоранги худ зебо-ву хуррам аст, ки ба сифати намуди биологӣ дар меҳвари он гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш қарор дошта, навъҳои гуногуни он дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мерӯянд. Фармони мазкур ҷиҳати омӯзиши илмии тамоми навъҳои гулҳо, инчунин пешгирӣ аз нобудшавии набототи нодири диёрамон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо дарназардошти ин, расман эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ба сифати гулҳои миллӣ, ба раванди ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар замони ҷаҳонишавӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар маҷмуъ, ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пе-швои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, тақвияти завқи зебоишиносӣ, боло рафтани масъулияти аҳли ҷомеа дар самти ҳифзи табиати биҳиштосои кишвар ва такмил ёфтани фарҳанги экологии шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон, ба таври муассир мусоидат намуда, дар муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мегузорад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: