https://sadoimardum.tj

Иштироки Барно Саидвализода дар Форуми ҷаҳонии занони аъзои парламент

23 окт 2026, 08:48
2

Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парламент баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон Барно Саидвализода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Муғулистон аҳамияти хоса зоҳир намуда, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории байни ниҳодҳои қонунгузори ду кишварро омили муҳими таҳкими эътимоди мутақобила ва рушди шарикии дарозмуддат медонад.
Зикр шуд, ки занон на танҳо иштирокчиёни равандҳои сулҳ, балки ҳамчун музокиракунандагон ва ташаббускорони фаъоли равандҳои байналмилалӣ бояд нақши муассир дошта бошанд.
Дар ин замина, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» муҳиму саривақтӣ арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки татбиқи ин ташаббус ба ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимод байни давлатҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини сулҳу суботи пойдор мусоидат хоҳад кард.
Бо ишора ба ҷойгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таъкид гардид, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои даҳсола густариши ҳамкории муштарак миёни давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои парлумонӣ аҳамияти рӯзмарра дорад.
Дар фарҷом зикр шуд, ки таъмини сулҳу суботи пойдор, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки васеъ ва фаъоли занон дар равандҳои сиёсӣ аз омилҳои калидии бунёди ояндаи осоишта, устувор ва бехатар барои наслҳои оянда ба шумор мераванд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Улан-Батор вохӯрии роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Муғулистон Барно Саидвализода бо намояндаи парлумони Муғулистон О. Алтангерел баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистонро баррасӣ намуда, доир ба имкониятҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ табодули афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Муғулистон бар пояи эҳтироми ҳамдигар, эътимоди мутақобила ва ҳавасмандии муштарак рушд ёфта, густариши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими ин раванд нақши муҳим дорад.
Барно Саидвализода зарурати тақвияти муколамаи байнипарлумонӣ, тавсеаи табодули ҳайатҳои парлумонӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамкории кумитаҳои доимӣ ва гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ду кишварро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ин замина, нақши робитаҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух, дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди ҳамкориҳои минбаъда таъкид гардид.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавононро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки рушди робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ омили муҳими таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумони ду кишвар мебошад.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории занони парлумон ва ҷавонон, инчунин, густариши ҳамоҳангӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Муғулистон изҳор намуданд.

Cайёра БОБОЕВА,
шуъбаи матбуоти МН МО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: